Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ, озмуни довталабони мулоқоти рӯбарӯ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин ноҳияро рад кард. Ӯ рӯзи 30 апрел дар тамоси телефонӣ бо Озодӣ гуфт, пеш аз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Мастчоҳ дар моҳи марти соли ҷорӣ озмун сурат гирифтааст, аммо на барои сокинони одӣ, балки барои гуруҳҳои рақсӣ ва ровиҳо.
Умарзода мегӯяд, "дар ҳақиқат, озмун барои раққоса ва ровиҳо баргузор шуд. Барои он ки гуруҳи рақсӣ аст ва бояд ҳамаашон қади якхела дошта бошанд. Ровиҳо низ бояд сухангӯи хуб бошанд. Аммо барои шахсони маърузакунанда дар назди раисиҷумҳур озмун набуд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шаҳнози Ниёзбоқӣ, сокини ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 28 апрел як номаи расмии Зайнура Умарзодаро расонаӣ кард, ки дар он иллати ба мулоқоти раисиҷумҳур роҳ наёфтани аввалӣ шарҳ дода шудааст. Дар ин нома гуфта шудааст, аз 30 нафари довталаб барои сухан гуфтан дар назди раисиҷумҳур ҳамагӣ 3 нафар интихоб шудаанд ва шарти озмун барои онҳо аз меъёрҳои “симои зебои ориёӣ”, “қади баланд” ва “сухани бурро” иборат будааст.
Ин номаи ҷавобии Зайнура Умарзода, муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ, рӯзи 18 апрел ба дархости расмии Шаҳнози Ниёзбоқӣ дар бораи он ки “чаро ӯ ба мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Бӯстон роҳ наёфт?” навишта шудааст. Аммо Умарзода дар суҳбати 30 апрелаш бо Озодӣ гуфт, ин номаи асл нест: "Маълумоте, ки дар саҳифаҳои Интернет чоп кардааст, асоси воқеӣ надорад. Ин хел маълумот аслан вуҷуд надорад."
Дар ҷавоб ба ин суол ки оё “меъёри симои зебои ориёӣ”, ки дар номаи расмӣ ва бо имзои ӯ чоп шудааст, чист? Зайнура Умарзода гуфт, “ман бо ин матн танҳо дар сомонаҳо шинос шудам. Ин хел гап тамоман набуд. Инҳо туҳматанд.”
Муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ дар идома Шаҳнози Ниёзбоқиро яке аз беҳтарин шогирдони худ донист ва гуфт, ки то ин дам миёни онҳо ҳеч нофаҳмие набуд. "Ӯ ботинан духтари пок аст ва фикр мекунам, касе суистифода дорад," - гуфт Умарзода.
Худи Шаҳнози Ниёзбоқӣ иддаои таҳрир хӯрдани мазмуни номаи Зайнура Умарзода ва гӯё асл набудани ин мактубро рад кард. Ӯ гуфт, танҳо ҳароси мақомот аз роҳ ёфтани ӯ ба мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ифшои ҳақиқати марги падараш Ниёзбоқӣ Ниёзов дар соли 1998 дар пайи ҳамлаи Маҳмуд Худойбердиев будааст.
“Вагарна мо ягон мушкил надорем. Ман танҳо мехостам барои раисиҷумҳур барои пуштибонияш аз онки шомили донишгоҳ шуда ва онро 2012 хатм кардам, бирасонам,” – гуфт ӯ. Шаҳнози Низёбоқӣ фориғуттаҳсили бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд буда, қаблан дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ кор кардааст.
Дар тӯли ду рӯзи охир ин нома баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор оварда, саҳнаҳои пушти истиқбол аз раисиҷумҳур ва ҳамин тавр суханронии сокинон дар баробари ӯро ба намоиш гузошт. Вале танҳо баъд аз ду рӯзи расонаӣ шудани ин нома Зайнура Умарзода иддао пеш овард, гӯё номае, ки ба дасти расонаҳо расидааст, асл нест ва аз номи ӯ суистифода шудааст.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки аз соли 1992 боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад, тақрибан ҳар сол ба гӯшаҳои кишвар сафар мекунад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ҳадафи ин сафарҳо ошноӣ бо вазъи сокинон ва ифтитоҳи коргоҳҳои муҳим аст. Ӯ рӯзи 24 марти соли ҷорӣ дар ҷараёни сафараш ба номи Мастчоҳ як мактаби тозабунёдро ифтитоҳ карда, парда аз рӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар маркази ин ноҳия бардошта буд.
Аммо ин барои аввалин бор нест, ки сокинон аз роҳ наёфтани худ ба мулоқоти рӯбарӯ бо раисиҷумҳур шикоят мекунанд. Дар гузашта намунаҳое дар вилояти Хатлону шаҳри Ваҳдат низ будааст, ки сокинон гуфтанд, мақомот нагузоштаанд то онҳо арзу додашонро шахсан ба Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд. Вале мақомот ҳаргуна иддао дар ин заминаро рад мекунанд.