Зода, ниё, фар... Манъи пасванди русии "ов"-у "вич"

Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС)-и Тоҷикистон мегӯянд, ки аз ин ба баъд гузоштани пасвандҳои русии "ов"-у "ова" ва "ович"-у "овна" дар насаби сокинони кишвар мамнуъст.

Аз ин ба баъд пасвандҳои тоҷикии "зод"-у "зода" ва "он"-у "иён" пасвандҳои русии "ов"-у "ова" ва "ович"-у "овна"-ро дар насаби шаҳрвандони Тоҷикистон иваз хоҳанд кард.

Ҷалолиддин Раҳимов, муовини раиси Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Тоҷикистон (ЗАГС), рӯзи 29 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин тасмим баъди ворид шудани иловаҳо ба қонун дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гирифта шудааст. Ин санад моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи раисиҷумҳур имзо шуда, ҳоло мавриди иҷро қарор гирифтааст.

Дар қисми чоруми моддаи 20-и ин қонун аз ҷумла гуфта шудааст: "Насаби шахс тибқи анъанаҳои миллии тоҷикӣ метавонад аз номи падар ё решаи насаби ӯ бо иловаи пасвандҳои насабсози -ӣ, -зод, -зода, -он, -ён, -иён, -ёр, -ниё, -фар ташаккул ёбад. Насаби шахс ҳамчунин метавонад аз номи падар ё решаи насаби падар ё модар бе илова намудани пасвандҳои насабсоз ташаккул ёбад."

Ҷалолиддин Раҳимов гуфт, ки ин тағйирот ба намояндагони ақаллиятҳои миллӣ ва шаҳрвандоне, ки пештар дар насабашон пасвандҳои русӣ изофа шудааст, дахл надорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Манъи пасвандҳои русӣ дар номҳои тоҷикӣ

Ба қавли ӯ, аммо ҳанӯз бархе аз сокинон мехоҳанд, ки дар насаби фарзандонашон пасвандҳои “ов”-у “ова” ва “ович”-у “овна” изофа бишавад. Ӯ гуфт, "вақте бо онҳо сӯҳбат мекунем ва мефаҳмонем, ки ҳадаф тоҷикӣ кардани насабҳост, мефаҳманд. Агар вазъ ҳоло ислоҳ нашавад, баъд аз 10 сол кӯдакони мо ба ду табақа ҷудо мешаванд. Як гуруҳ насабҳои тоҷикӣ доранду ифтихор мекунанд, гуруҳе дигар – бегона. Мо бояд ҳисси миллӣ, ватандӯстӣ дошта бошем."

Лағви пасвандҳои русии “ов”-у “ова” ва “ович”-у “овна” баҳори соли 2007 аз сӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон садо дода баъдан Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович ба Эмомалӣ Раҳмон табдил шуд. Дар пайи ин тасмими раисиҷумҳур бархе аз мансабдорони тоҷик низ ному насаби худро тоҷикӣ карданд.

Вале пас аз он ки бархе аз шаҳрвандон дар фурудгоҳҳои Русия бо мушкил мувоҷеҳ шуданд, изофаи пасвандҳои русӣ дар насаби тоҷикистониҳо дубора авҷ гирифт. Ҷалолиддин Раҳимов мегӯяд, ки ҳоло дигар дар ин замина гузаште сурат нахоҳад гирифт.

Ӯ гуфт, ҳатто онҳое, ки дар гузашта бо пасвандҳои русӣ насаб гирифтаанд ва ҳоло мехоҳанд, ҳуҷҷатҳои худро иваз кунанд, ҳатман дар насабашон пасвандҳои тоҷикӣ изофа хоҳад шуд: "Танҳо барои онҳое, ки дар гузашта пасвандҳои русӣ гирифтаанд ва нияти тағйири ҳуҷҷаташонро надоранд, ин тағйирот дахл надорад. Вале агар ин кор бо хоҳиши худи онҳо сурат гирад, нураналонур мешуд."

Бар асоси тағйиру иловаҳо дар Кодекси оила ва сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ба кӯдакон гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, “аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну эътибори инсонро паст мезанад ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамояд" низ манъ шудааст. Аммо дар баробари ин ба ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон иҷоза дода шудааст, ки тибқи анъанаҳои миллиашон ба фарзандони худ номгузорӣ кунанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон – рӯзи 13 январи соли ҷорӣ ҳангоми ислоҳи қонун "Дар бораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ" изофа кардани тахаллусҳое монанди "мулло", "тӯра", "шайх", "сӯфӣ" ва "халифа"-ро ба номи сокинонро низ манъ карданд. Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, дар ҳузури вакилони парлумон гуфт, ки чунин тахаллусҳо бештар боис ба тафриқаандозӣ дар ҷомеаи кишвар мешаванд.