Дар шаҳри Хуҷанд, маркази устони Суғд, як нонвойхонаи ҷамъиятӣ ба кор сар кардааст, ки ҳар рӯз аз 300 то 500 дона нонро барои афроди камбизоату нодор ҳадя мекунад.
Мақсадой Содиқова, як сокини Хуҷанд, аз ҷумлаи онҳоест, ки то ин дам аз ёриҳои ин нонвойхона баҳравар шудааст. Ӯ рӯзи 26 апрел ба Озодӣ гуфт, дар ҷое кор намекунад ва тамоми рӯзаш бо нигоҳубини фарзанди маъюбаш паси мешавад. Шавҳари Мақсадой ба муҳоҷирати корӣ ба Русия рафта, дигар аз худ дарак надодааст ва ин занро ҳамроҳи фарзанди маъюбаш танҳову дастнигар гузоштааст.
Мақсудой Содиқова гуфт, “худам ҳам бетобам. Тамоми рӯз ба нигоҳубини фарзандам машғулам. Дар ҷое кор намекунам ва зиндагиамон асосан аз ҳисоби нафақа мегузарад. Ин нонвойхонаро кушодаанд ва мо ҳар рӯз нони бепул мегирем. Ин ҳам як ҳимоят аз мо барин дастнигарҳост.”
Ин нонвойхонаи хайриявиро бахши созмони Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Суғд ташкил кардааст. Ин нахустин чунин нонвойхона барои оилаҳои камбизоат аст, ки дар таъмини аҳли оилаи худ бо маводи ғизоӣ мушкил мекашанд.
Парвиз Ҷабборзода, раҳбари бахши ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Суғд, рӯзи 26 апрел гуфт, ки нонвойхона аз ҳисоби ҳаққулузвияти бахши Ҳилоли Аҳмар ва маблағҳои ҷамъшуда дар “сандуқҳои хайрия”-и ин созмон таъсис ёфтааст. “280 нафари эҳтиёҷманд, умдатан маъюбон ва оилаҳои ягон узваш маъюб расман номнавис шудаанд ва онҳо ҳар рӯз ё дар ду рӯз як бор ба нонвойхона омада, ду дона нони бепул мегиранд,” – гуфт ӯ.
Вай афзуд, дар ҳар шабонарӯз дарнонвойхона дар маҷмуъ 1500 нон мепазанд ва барои ба даст овардани пул ва идомаи кори худу пардохти маоши коргарони нонвойхона 1 ҳазор нон бо нархи 1.5 сомонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Ва нонҳои боқимонда ройгон ба эҳтиёҷмандон тақсим мешавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Муҳаммадҷон Маъруфов, корманди нонвойхона, гуфт, ки дар як печи барқӣ нон мепазанд ва эҳтиёҷмандони сабтиномшуда дар соатҳои муайян омада, нонҳои худро гирифта мераванд. Вай мегӯяд, ҳудуди 500 сомонӣ маош мегиранд ва адои кори хайр онҳоро ба корашон боз ҳам дилгарм кардааст.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар вилояти Суғд беш аз 20 ҳазор афроди ниёзманд ба маводи ғизоӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки 70 дарсадашон занҳои серфарзанд ва танҳоянд. Давлат ба оилаҳои камбизоат ва маъюбону эҳтиёҷмандон имтиёзҳое, мисли нафақа, нархи пасти барқ ва об дода, тавассути кумитаи маҳаллаҳо ба онҳо гоҳ - гоҳ маводи ғизоии ройгон, мисли орду шкар ва равғану биринҷ медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ бо ҳимояти молии ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Олмон нонвойхона барои одамони маъюб ва эҳтиёҷманд таъсис шудааст. Қарор аст, чунин новойхонаҳои ҷамъиятӣ дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон (Чкалов ва Қайроққуми собиқ) низ боз шаванд.
Солҳои охир фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ низ ташкили гӯшаҳои ёрӣ ба афроди дармондаро дар назди фурӯшгоҳҳо дар миён мегузоранд. Ҳоло маркази тақсими либос ба афроди ниёзманд дар Хуҷанд ва гӯши ёрии бепули ғизоӣ дар фурӯшгоҳи Ёвар дар Душанбе фаъол аст.