Даҳ устои қайчибадаст ба тарошидани пашми нафису марғуладор ва ҳамзамон сахту мустаҳками бузи ангорӣ шуруъ карданд ва онҳо мегӯянд, чунин пашм танҳо дар як хоҷагии ноҳияи Ашт парварда мешавад. Мутахассисон онро хеле қавӣ, ҷилодор ва ҳамзамон маҳину нафис унвон мекунанд. Ҳар буз соле танҳо якуним то ду кили пашми сабук ва нарму жулида медиҳад. Азбаски ин пашм маҳсулоти нодир ба шумор меравад, бузҳоро бо даст ва бо эҳиёти тамом метарошанд. Тарошидани 9000 буз ба ин шева то даҳ моҳ давом мекунад.
Аввал дарозӣ, мустаҳкамӣ ва дурахши мӯйҳои бузи ангорӣ ва шумори мӯйҳои "мурда"-и онро месанҷанд. Ҳамаи маълумот дақиқан сабт мешавад ва танҳо аз беҳтарин зотҳои буз насл гирифта мешавад.
Дар солҳои Шӯравӣ дар ноҳияи Ашт бузи ангориеро ба гунае дурага карданд, ки акнун дар рагҳои он хуни бузҳои Австралия низ ҳаст. Бино бар ин мутахассисон мегӯянд, пашми он вижагиҳои хосе пайдо карда, аз пашми бузҳои ангории ноҳияҳои дигар ва кишварҳои ҳамсоя фарқ мекунад. Бар замми ин, ба гуфтаи раҳбари корхона Нурали Амонов, табиати хоси ин минтақа, "замини санглох ва гиёҳҳое, ки буз мехӯрад" ба сифати пашми он таъсир доранд. Аз сад бузғола дар ин коргоҳ 98-тоаш сафед, ду буз сиёҳ ё кабуди тираанд. Пашми бузҳои сафед барои бофтани матоъ ва либос хуб буда, ба осонӣ ранг карда мешавад. Аммо пашми бузи сиёҳро ранг намекунанд ва он танҳо барои қолинбофӣ истифода мешавад.
Бузи ангорӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна парварда мешавад ва пашми онро кӣ мехарад? Ин маълумот дар гузориши дастаи эҷодии "Настоящее Время":
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад