Паҳлавонҳои тоҷик аз Русия бо дасти холӣ баргаштанд

Паҳлавонони ҷавони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо дар Санкт-Петербург бе медал монданд.

Варзишгарони тоҷик дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни навҷавонони синнашон то 21-сола, ки рӯзҳои 16-17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо иштироки 346 варзишгар (220 ҷавонмард ва 126 духтар) аз 22 кишвар баргузор , ноком шуданд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 варзишгар (13 писару 1 духтар) намояндагӣ карданд, вале медал ба даст оварда натавонистанд. Се нафари онҳо натиҷаҳои нисбатан хубтар нишон доданд. Темур Раҳимов дар вазни то 100 кило мақоми панҷум, Эраҷ Раҷабов дар вазни то 66 кило ва Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни то 73 кило ҷойҳои ҳафтумро соҳиб шуданд. Гуштигирони дигари тоҷик дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медали тилло ва 2 медали нуқра ҷои аввалро гирифт. Мунтахаби Русия (3-10-8) дувум ва мунтахаби Фаронса (2-1-5) севум шуданд. Дастаи Тоҷикистон бо як ҷойи панҷум ва ду ҷойи ҳафтум дар зинаи 11-ум қарор гирифт.

Барандагони Ҷоми Аврупо дар Санкт-Петербург:

Ҷавонмардон
55 кг
1. ГУРБАНЛӢ Натиг (Озарбойҷон)
60 кг
1. КОГА Генки (Ҷопон)
66 кг
1. ТАГАВА Кензо (Ҷопон)
73 кг
1. ҚАЮМОВ Эдвард (Русия)
81 кг
1. ФУҶИВАРО Сотаро (Ҷопон)
90 кг
1. ИГОЛНИКОВ Михаил (Русия)
100 кг
1. ИЛДА Кентара (Ҷопон)
+100 кг
1. ТАСОЕВ Инал (Русия)

Духтарон
44 кг
1. ДЕЛЕУИЛ Ҷастин (Фаронса)
48 кг
1. УМЕКИТА Мая (Ҷопон)
52 кг
1. ТОМИЗАВА Кана (Ҷопон)
57 кг
1. ФУНАКУБО Харука (Ҷопон)
63 кг
1. РАМБОТ Романи (Фаронса)
70 кг
1. АОЯГИ Реми (Ҷопон)
78 кг
1. ВЕГНЕР Анна Мария (Олмон)
+78 кг
1. ИНОУЕ Маико (Ҷопон)