Мураккаб ва на чандон ҷолиб будани дарси физика дар мактаб Нафиса Раҷабова - хонандаи мактаби миёнаи 90-и пойтахтро водор кард, то омӯзиши ин фанро барои худ ва ҳамсолонаш шавқовару осонтар кунад. Нафиса, ки дар соли охири таҳсил қарор дорад, мавзӯъ ва масъалаҳои фанни физикаро аз рӯи барномаи дарсӣ дар шакли аниматсионӣ омода кардааст.
“Ҳоло ин барнома аз 10 масъала дар шакли намуна сохта шудааст. Масъалаи 1 қувваи ҷараёнро ифода мекунад. Масъаларо мехонем ва агар асбобҳои физикиро боре надида бошем, ба дарки масъала намеравем. Аммо вақте дар аниматсия тарзи кори онро мебинем, шавқовар аст,” – гуфт ӯ.
Камбуди асбоби аёнӣ ва синфхонаҳои таҷрибавӣ дар аксар мактабҳои миёна ва аз сӯи дигар истифода аз усули кӯҳнаи дарсдиҳӣ дар мактабро мутахассисон аз омилҳои аслии ба дарки масъала нарафтану
бетаваҷҷӯҳ шудани хонанда махсусан дар дарсҳои мушкилфаҳми дақиқ арзёбӣ мекунанд. Дилором Сатторова, омӯзгори фанни физика, мегӯяд, барои рангинтар кардани дарси худ тамоми талошро мекунад ва ба Интернет ҳам сар мезанад. Вале, ба гуфтаи ӯ, барои хонандаи имрӯз ин ҳама кам аст ва онҳо талаботи аз ин ҳам бештар доранд.
Ин омӯзгори фанни физика гуфт, “техника дар замони имрӯза ба қуллаҳои баланд расидааст. Мо ҳамаи инро ба назар гирифта, бояд талаботи мо аз ин бояд зиёдтар шавад. Барои ин, бояд асбобҳо дошта бошем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пешниҳоду навовариҳои хонандагон барои равону ҷолиб шудани дарсҳои мактабӣ ба ин маъност, ки усули дарсдиҳӣ имрӯз дар мактабҳои кишвар он тавре нест, ки толибилмон мехоҳанд. Ба гуфтаи хонандаҳо, дар аксар дарсҳо имрӯз фақат муаллим фаъол аст.
На танҳо хонандаҳо, бархе аз масъулон бахши маорифи Тоҷикистон ҳам инро инкор намекунанд. Шарифмурод Исрофилиён, роҳбари Пажӯҳишгоҳи рушди маориф, мегӯяд, “имрӯз талош дорем, таҷрибаи нав ё усули таълимии салоҳиятнокро роҳандозӣ кунем, то низоми таълим баръакси низоми анъанавӣ бештар ба фаъол будану фикр кардани шогирд бартарӣ диҳад.”
Ӯ гуфт, ки чунин таҷрубаи фаъол шудани хонандагон дар дарсҳоро имсол дар синфҳои 5-9-ум ба роҳ хоҳанд монд. “Агар ин натиҷаи хуб диҳад, оҳиста-оҳиста ба системаи салоҳиятнок мегузарем,” –афзуд Исрофилиён.
Аммо, ба таъкиди бархе аз хонандаҳо ва ҷавонон, барои ҷолибу рангин кардани дарсҳои мактабӣ фароҳам овардани шароиту ҳавасмандии омӯзгорон муҳимтар аст.
Нафиса Раҷабова, ки дарсҳои физикаро дар шакли аниматсия омода кардааст, умед дорад, ин кори ӯ аз сӯи омӯзгорону масъулон барои муассиртар ва ҷолиб ба роҳ мондани дарсҳои мушкилфаҳм ба инобат гирифта мешавад. “Ин барнома бо забони барномасозии ПАСКАЛ ва дар системаи барномасозии ДЕЛФИ 8 сохта гшудааст. Агар ин барномаи мо дастгирӣ ёбад мо метавонем аввал масъалаҳояшро зиёд карда шакли мобилияшро ҳам ба роҳ монем,” – хулоса кард Нафиса.