Қатъи воридоти мол аз Эрон ба Тоҷикистон

Тоҷирони тоҷик мегӯянд, ки ба онҳо маслиҳат шудааст, барои ворид кардани мол аз Эрон "каме сабр кунанд". Вале мақомот мегӯянд, ки дар ин замина бо Эрон мушкил надоранд.

Воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон "бинобар кашф шудани маводи бесифати баъзе тоҷирон" муваққатан қатъ шудааст ва соҳибкорон машварат гирифтаанд, то анҷоми бозҷӯӣ аз воридоти молу маҳсулот аз Эрон худдорӣ кунанд. Мақомот мегӯянд, ки дар ин авохир панҷ соҳибкор аз Эрон маводи пастифат ворид кардаанд.

Як тоҷири тоҷик, ки худро Муҳиддин Ҷумъаев муаррифӣ кард, рӯзи 14 апрел аб дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, чаҳор рӯз пеш тасмим дошт, аз Эрон тариқи ду мошини боркаш гӯшт ворид кунад, аммо намояндагони Оҷонсии “Тоҷикстандарт” барояш маслиҳат додаанд, ки феълан интиқоли гӯштро боздорад.

Ба қавли ин соҳибкор аз онҳо талаб шудааст, минбаъд ҳар молу маҳсулоте, ки аз Эрон ворид мешавад, санаи дақиқи истеҳсол ва тамға бо навиштаҷоти кириллӣ дошта бошад, зеро сокинони Тоҷикистон ҳарфҳои форсиро намедонанд ва ҳангоми харид ба иштибоҳ роҳ

Солҳои гузашта дар Тоҷикистон намоишгоҳи молу маҳсулоти Эрон зиёд баргузор мешуд

медиҳанд. Ин тоҷири тоҷик мегӯяд, ҳоло танҳо як мошин меваи Киви аз Эрон бояд имшаб, 14 апрел ба марзи Тоҷикистон бирасад, аммо маълум нест, ки он иҷозаи ворид мегирад, ё не.

Мирзо Муҳаммадов, як тоҷири тоҷик, аз Эрон ба Тоҷикистон молҳои ороишӣ барои воситаҳои нақлиётро ворид мекунад. Ӯ рӯзи 14 апрел ба Озодӣ гуфт, ки ҳафтае пеш қарор буд аз он кишвар бор биёрад, аммо дар Оҷонсии “Тоҷикстандарт” ба ӯ низ гуфтаанд, “каме сабр кунад”. “Бори мо барои овардан тайёр шуда буд, аммо гуфтанд, ки каме сабр кунед, зеро ҳоло молҳо тафтиш мешавад. Мо ҳам он қадар саросема нестем ва то як моҳ бори захиравӣ дорем,” – гуфт ӯ.

Саидмӯъмин Ашрафов, як тоҷири дигар мегӯяд, ба онҳо гуфтаанд, ки дар миёни молҳои воридшуда аз Эрон маҳсулоти пастсифати зиёд кашф шудааст ва аз ин рӯ аз тоҷирон дархост шудааст, то анҷоми тафтиш аз ворид кардани мол худдорӣ шавад.

Парвиз Шарифов, раҳбари як ширкате, ки ба интиқоли молу маҳсулот аз Эрон машғул аст, 14 апрел ба Озодӣ гуфт, даҳ рӯзи ахир дигар аз соҳибкорон дархости интиқоли молу маҳсулот аз Эронро намегиранд. “Ҳоло мо танҳо молҳои транзитие, ки аз Туркия ва дигар кишварҳо ба Бандарободи Эрон мерасанд, ба Тоҷикистон меорем. Сабабашро намедонам, аммо соҳибкорон дигар дархости овардани молу маҳсулоти истеҳсоли Эронро намекунанд,” – гуфт ӯ.

Манъи муваққатии молу маҳсулот аз Эрон дар ҳолест, ки расонаҳои давлатӣ дар як соли ахир борҳо аз кашфи молҳои пастсифати эронӣ гузориш дода буданд.

Як мақоми давлатӣ бидуни зикри номаш рӯзи 14 апрел ба Озодӣ гуфт, ин маҳдудият пас аз кашфи маҳсулоти пастсифати ғизоӣ аз Эрон ба миён омад. Ӯ гуфт, ахиран панҷ тоҷири тоҷик аз Эрон гӯшт ва маҳсулоти ширӣ ворид кардаанд, ки дар бастабандиҳо санаи истеҳсол тоза буда, аммо мӯҳлати истифодаи гӯшту шир кайҳо гузашта будааст. “Ин ҷо мушкил бо тоҷирони тоҷик аст, ки чунин молу маҳсулот ворид мекунанд. Ҳоло комиссия аз ҳисоби “Тоҷикстандарт” ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъсис ёфтааст ва ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ молу маҳсулоти воридшуда аз Эрон тафтиш мешавад. Бояд мушахас шавад, ки кадом намуди маҳсулот сифати паст дорад ва баъдан боз тоҷирон метавонанд дубора мол ворид кунанд," – гуфт ин мақоми давлатӣ.

Тоҷикистон ва Эрон дар даҳсолаҳои ахир тиҷоратҳои дуҷонибаро ба роҳ мондаанд, ки ин гардиши моли Эронро дар бозорҳои Тоҷикистон таъмин кардааст. Маводи истеҳсоли Эрон аз қабили гӯшту шир, мева ва равғану хокаи либосшӯӣ дар бозорҳои Тоҷикистон фаровон ба назар мерасад. Эрон ҳамчунин дар пружаҳои бузурги энержӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон низ нақш дорад. Як туннели бузург дар шимоли кишвар ва нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда 2” бо сармояи Эрон бунёд ёфтаанд.

Иштироки Муҳиддин Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон баҳси лафзии Тоҷикистону Эронро ба миён овард

Аммо ба назар мерасад, ки дар ин авохир ду кишвари ҳамзабон дар баъзе масоил забон наёфтанд ва муносибати онҳоро наметавон гарму самимӣ тавсиф кард. Баҳси пулҳои Бобак Занҷонӣ, миллиардери эронӣ, ки ба иддаои мақомоти Эрон дар Тоҷикистон ғайб задаанд ва даъвати раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ба як конфронс дар Теҳрон омилҳои аслии сарди миёни ду кишвар дониста мешавад. Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта Ҳизби наҳзати исломиро як созмони теророристӣ эълон кард ва алайҳи раҳбарони он бо ҷурми терроризм парванда кушод.

Аммо ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо аз мақомоти давлатӣ манъи мувақатии молу маҳсулот аз Эрон ба Тоҷикистон ҷанбаи сиёсӣ надорад ва ин бештар ба тақаллубкории соҳибкорон вобаста аст.

Тобистони соли гузашта Оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар анборхонаи ширкати эронии “Абад-тиҷорат”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд наздики 8 тонна маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузаштаро ошкор кард. Дар ин миён масъулони ин Оҷонсӣ 1 000 рулети “Фафа”, 4 000 қуттии ҳалвои “Симурғ”, 4 ҳазору 500 кило ҳалвои “Солеҳ”, 3 000 кило хурмо ва боз чанд намуди дигари шириниҳо, ки ҳама истеҳсоли Ҷумҳурии Исломӣ буданд, пастсифат ва ғайриистеъмол унвон карданд.

Аммо дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтанд, ки миёни ду кишвар дар самти робитаҳои тиҷоратӣ ҳеч мушкил вуҷуд надорад ва эҳтимол ин мушкилоти тоҷирону ширкатҳои алоҳида бошад.

Аммо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, ки воридоти молу маҳсулот аз Эрон ба ин кишвар 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Зуҳриддин Кенҷаев, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рӯзи 14 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ ин коҳишро тасдиқ кард ва гуфт, "дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 26 миллион сомонӣ аз Эрон молу маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 50 дарсад кам аст. Кам шудани воридот ба бӯҳрони молӣ рабт дорад, ки қобилияти харидорӣ кам шудааст ва худи тоҷирон кам молу маҳсулот ворид мекунанд."

Эрон, яке аз панҷ кишвари асосӣ дар миёни коршарикони тиҷории Тоҷикистон аст. Тибқи омори Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар соли 2015 аз Эрон ба Тоҷикистон ба ҳисоби 123 миллион доллар мол ворид шудааст ва Тоҷикистон дар ҳаҷми 59 миллион доллар ба Эрон мол содир кардааст.