"Фасод дар ФМС" – аз миёнаравҳо то омори ғалат

Як гурӯҳи таҳқиқгарон гуфтаанд, ки Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия асосан омори шубҳанокро пешниҳод карда, тамоми қонунвайронкунии кормандонашро махфӣ нигоҳ доштааст.

Як гурӯҳ аз пажӯҳишгарон шаффофияти кори Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ё ФМС-ро таҳқиқ кардаанд, ки ахиран аз як ниҳоди мустақил ба идораи зертобеи Вазорати умури дохилии он кишвар табдил шудааст. Институти омӯзиши сиёсати зиддифасод дар Русия натиҷаи ин таҳқиқро бо номи "Фасод дар сохтори ФМС" муаррифӣ кард.

Муаллифони гузориш мегӯянд, фаъолияти Хадамоти федеролии муҳоҷират шаффоф набуда, тамоми оморе, ки ин ниҳод пешниҳод кардааст, шубҳаноканд. Гузоришгарон аз пинҳонкориҳо дар ин ниҳод низ шикоят карда, навиштаанд, ки "ФМС иттилоъ дар бораи қонунвайронкуниҳои кормандонашро ҳамеша махфӣ нигоҳ доштааст".

Як бахши муҳими ин гузориш дар бораи вуҷуди миёнаравҳо ё корбудкунҳо сӯҳбат мекунад. Тафсилоти бештар дар бораи ин гузоришро дар сӯҳбати Гулноза Собирова, таҳлилгари Институти омӯзиши сиёсати зиддифасод дар Русия бибинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Фасод дар ФМС"