Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии ҷудои Осиё

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки 15 апрел дар Тошканд шурӯъ мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ҷудо, ки рӯзҳи 15-17 апрел дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат меварзанд. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, ба ҳайати мунтахаби кишвар Умед Абдураҳимов (то 66 кг), Шӯҳратҷони Фархизода, Кароматулло Ҳакимов (ҳарду - то 73 кг), Фарҳод Раҳимов, Саиҷамол Алимардонов (ҳарду - то 81 кг), Комроншоҳи Устопириён (то 90 кг), Саидҷалол Саидов (то 100 кг) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (беш аз 100 кг) дохиланд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки ширкати гуштигирони бештар аз 30 кишвар дар назар аст, аз Тоҷикистон довари дараҷаи байналмилалӣ Рамзӣ Шамиров ба ҳайси ҳакам хидмат мекунад. Варзишгарон ба ҷуз медалҳо, барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия мубориза мебаранд.

Бояд тазаккур дод, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба ин навъи олимпии варзиш сар аз соли 1966 доир мешавад. Варзишгарони тоҷик дар ин мусобиқот ҳамагӣ 13 медал – 5 нуқра ва 8 биринҷӣ – ба даст овардаанд. Вале то ҳоло дар ин намуд касе аз Тоҷикистон ба унвони қаҳрамони Осиё мушарраф нашудааст.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Кувайт Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кг ва Саидҷалол Саидов дар вазни то 100 кг барои ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуда буданд.

Аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон рӯзи 14 апрел ба “Озодӣ”, инчунин иттилоъ доданд варзишгарони навраси тоҷик дар Ҷоми Аврупо, ки 17 апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия оғоз меёбад, ширкат хоҳанд кард. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи бози наврасон Эраҷ Абдуллоев, Хаёмиддин Ҷабборов, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Ҳабибулло Носиров, Идибег Тоиров, Хусрав Аламов (ҳама - то 66 кг), Илҳомҷон Ҳофиззода, Раҳматуллобек Фарҳодов (ҳарду - то 73 кг), Эмомҷон Камолов, Ҳамдам Ҳамдамов, Ёқубҷон Назиров (ҳарсе - то 81 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов, Асомиддини Фазлиддин, Фаррухи Салим (ҳарсе - то 90 кг), Темур Раҳимов, Муртазо Аминов (ҳарду - то 100 кг) ва Шукрона Қарчиева (то 52 кг миёни занон) намояндагӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки варзишгарони тоҷик соли гузашта дар Ҷоми Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон дар Санкт-Петербурги Русия ноком шуда буданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар (8 писару 1 духтар) намояндагӣ карданд, вале, мутаассифона, ҳамаи гуштигирони ҷавони тоҷик дар нахустин қувваозмоиҳо аз рақибонашон мағлуб шуданд.