Занҳо худро аз оташ ба об мезананд

Рашк, ғазаб, беиродагӣ, фақр ва хушунат – қасд ба ҷон кардани занони тоҷикро, аз нигоҳи таҳлилгарон, дар ҳамин омилҳо бояд ҷуст.

Аз рӯдхонаи Сир духтареро берун оварданд, ки худро аз купруки маркази шаҳри Хуҷанд ба дарё андохта буд. Мӯҳсин Ёқубов, мудири шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи шаҳри Хуҷанд, рӯзи 12 апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса се рӯз пеш рӯй дода буд ва духтар, ки 15 ё 16-сола дошт, пас аз табобати кӯтоҳ ба хонашон баргашт. Ӯ ба далели осеб назадан ба хонаводаи духтар, аз ифшои ному насаби шахси қасд ба ҷонаш карда худдорӣ намуд. Духтар зарари ҷиддӣ надида буд, зеро наҷотбахшон ӯро ба зудӣ аз рудхона берун карданд, афзудд мусоҳиби мо.

Ҳомиёни ҳуқуқи занон мегӯянд, фақат соли гузашта кормандони пулис ва ситоди вазъи изтирории шаҳри Хуҷанд се зану духтар, аз ҷумла, як талабаи синфи даҳумро, ки ихтиёрӣ тарки дунё тарк карданӣ буданд, аз қаъри руди Сир берун оварданд.

Аз нигоҳи онҳо, худкӯшии занону духтарон фоҷиа аст, аммо ҳамроҳ бо худ фарзандонро ҳам ба дарё андохтан як тамоюли наву хатарнок ва занги изтироб барои ҳама ҷомеъа аст.

СУЛАЙМОНИ ШАШМОҲА ЧӢ ГУНОҲ ДОШТ?

Аз чаҳор ҳодисаи ахири худкӯшӣ, ки занон ҳамроҳ бо фарзандонашон худро ба дарёи хурӯшон андохтанд, сетояш дар вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. Моҳи июли соли гузашта сокини ноҳияи Ёвон Парвина Абдуллоева бо се тифлаш худро ба дарё андохт.

Акси тӯйи арӯсии Саломат Пирова

Баъд аз ду моҳ айнан бо ҳамин шева, Саломат Пирова, сокини 23-солаи ноҳияи Вахш бо се тифлаш кӯшиши худкушӣ кард – модарро аз дарё саломат берун бароварданд, вале 3 фарзанди ӯ аз даст рафтанд. Аввалҳои моҳи феврали соли равон Зӯҳро Маҳмуродова, ҷавонзани 25-солаи сокини Норак худ ва чаҳор фарзандашро ба дарёи Вахш андохт, ки дар натиҷа ҳама ба ҳалокат расиданд. Ҳодисаи ахири худкӯшии модар ҳамроҳ бо тифли шашмоҳааш субҳи дуюми апрел дар ноҳияи Ваҳдат дар ҳузури шоҳидон рӯй дод. Мафтунаи 21-сола ба таваллои одамон гӯш надод ва худашро бо тифлаш ба рӯдхонаи Кофарниҳон андохт. Ҷасади Мафтунаро пас аз се соат аз деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ, 30 километр поинтар аз маҳалли ҳодиса пайдо карданд, аммо ҷустуҷӯи ҷасади Сулаймони шашмоҳа то ҳол идома дорад.

"БИГУЗОР БИМИРЕМ, АММО БАДБАХТ НАБОШЕМ"?

Махфират Хидирова, муовини раиси вилояти Хатлон мегӯяд, онҳо чанд ҳодисаи ин гуна худкӯширо омӯхта ба натиҷае расиданд, ки оонҳо дар пояи рашку дар ҳоли ғазаб рӯй дода буд.

Махфират Хидирова

Аммо сабаби баъзе аз ин ҳодисаҳоро муқаррар кардан тақрибан ғайримумкин аст, зеро занҳо сиррашонро ҳамроҳ бо худ ба гуристон мебаранд. Ҳамзамон ӯ иқрор мекунад, барояш он нукта муаммост, ки чӣ гуна ва чаро занҳо кӯдаконро ҳам қурбони бадбахтиву ноилоҷии худ мекунанд.

Ин мавзӯъ чандест зеҳни Зебо Тоҷибоева, раҳбари иҷроияи хабаргузории "Азия-Плюс"-ро машғул медорад. Ҳатто ба ақли кас намеғунҷад, ки модар метавонад бо дасти худ фарзандашро нобуд созад, зеро ҳимоят аз фарзанд дар рагу пайванди зан аст – ӯ барои ҳифзи ҷигаргӯшааш ва саломативу хушбахтияш агар зарур шавад бо нохунҳояш санги хороро мешикофад, мегӯяд ӯ.

Аммо шояд занон ба ин васила мехоҳанд кӯдакони худро наҷот диҳанд, шояд гумон мекунанд, ки баъд аз сарашон тифлаконашон ҳам чун худи онҳо бадбахт хоҳад шуд, андеша меронад Зебо Тоҷибоева. Ба гуфтаи мусоҳиби мо, солҳои пеш занҳо бештар худро оташ мезаданд. Аммо дарди оташ ҷонкоҳ аст ва шояд занҳо бовар доранд, ки азияти марг дар қаъри дарё камтар аст? Ба вижа, ки занҳои аз забонаи оташ наҷотёфта бо бадану чеҳраи сӯхта “зинда дар гӯр” мешаванд.

Зебо Тоҷибоева

Зебо Тоҷибоева мутмаин аст, ки худкӯшии занон ангезаи иҷтимоӣ дорад. Мушкилоти зиёди рӯзгор, бекории мардон ва баъзан ҳатто аз муҳоҷирати корӣ бо дасти холиву хашмгин баргаштани онҳову дар сари қаҳр даст ба хушунат заданашон яке аз сабабҳои худкӯшии занон аст. "Вақте мард бекор ва хашмгин аст, қаҳру ғазабашро ба сари кӣ мерезад? Ба сари занаш!" , мегӯяд мусоҳиби мо.

Ҳар сол дар Тоҷикистон, бино ба омор, беш аз 400 зан қасд ба ҷони худ мекунанд. Аммо, ба гуфтаи Зебо Тоҷибоева, омори дақиқу воқеъӣ дар ин бора гумон аст, ки дастрас шавад. Ӯ мегӯяд, ки дар бораи ин мушкил фақат гап задан кам аст, шояд беҳтар аст ба ҷои суханпардозӣ марказҳои вижа барои занон таъсис шаванд, то онҳо он ҷо аз кӯмаки равоншиносон бархӯрдор шаванд, меафзояд хабарнигори тоҷик.

ДУХТАРОНРО САРПАСТ НЕ, МУБОРИЗ ТАРБИЯ КУНЕМ

Дигар таҳлилгарон ҳам ҳодисаҳои ахирро паёмади мушкилоти иҷтимоии ҷомеъа мехонанд. Худро ҳамроҳ бо фарзандон ба дарё андохтан ба он хотир аст, ки мехоҳанд мардумро аз зиндагии пур аз азияту мушкилашон огаҳ кунанд, мегӯяд онҳо. Аммо Махфират Хидирова мутмаин аст, ки инро фақат бо мушкилоти иҷтимоӣ рабт додан дуруст нест, зеро он вақт баҳодиҳии мо воқеъбинона нахоҳад буд. Ҳар ҳодиса сабаби хоси худро дорад ва аз ин рӯ бояд алоҳида омӯхта шавад. Вале тамоюли ҳамроҳ бо худ фарзандонро ҳам ғарқ кардан бояд ҷиддӣ пажуҳиш ва сабабҳои он ошкору роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин амали номатлуб муқаррар карда шаванд, мегӯяд Махфират Хидирова.

Заррина Кенҷаева

Дар ҳамин ҳол Заррина Кенҷаева, равоншинос ва корманди маркази “Бовари ба фардо”, яке аз сабабҳои худкӯшии занҳоро дар беиродагии онҳо мебинад. Дар хонаводаи суннатии тоҷик ба тарбияи духтар аҳамияти зиёд медиҳанд ва аммо ӯро на муборизу ҳақталош, балки сарпасту фармонбардор тарбия мекунанд ва чун духтар бузургу соҳиби оила шуд, аз фишору хушунат зуд “мешиканад”, мегӯяд ӯ. Агар муҳити хонавода солим бошад ва хусуру хушдоман ё падару модару бародаронаш тасаллияш диҳанду кӯмакаш кунанд, шояд дубора ба зиндагӣ дилгарм шавад. Вале, дар аксар ҳолатҳо ҳангоми муноқишаҳои хонаводагӣ зан аз ду тараф – ҳам аз сӯи хонаводаи шавҳар ва ҳам аз сӯи волидайни худ мавриди фишор қарор мегирад.

Заррина Кенҷаева меафзояд, бино ба мушоҳидаҳо, заноне, ки дар дуроҳаи зиндагӣ ҳайрону музтар мондаанд ва аз хонаи шавҳар берун шуда дар хонаи падар ҳам рӯзи хуш надоранд, ё худкӯширо интихоб мекунанд ё танфурӯширо.

"ШАХСИ ХУДРО КУШТА АЗ ОЛАМ БЕИМОН МЕРАВАД"

Мусоҳибони мо камсаводии занону духтарон ва беиттилоӣ аз ҳуқуқҳояшонро низ аз сабабҳои зуд ва дар ҳоли қаҳру ғазаб қазоват кардани онҳо мехонанд. Онҳо гумон мекунанд, ки баъд аз ҷабру лату кӯби зиёд ё, бигирем, зани дуввум гирифтани шавҳар зиндагӣ ба поён мерасад, мегӯяд Заррина Кенҷаева.

Аммо ин занону духтарон маърифати динӣ ҳам надоранд ва, ба гуфтаи рӯҳонии шинохтаи тоҷик Қобилҷон Боев, агар аз ҳаром будани худкӯшӣ аз нигоҳи дини ислом бохабар мебуданд, шояд қабл аз қасд ба ҷонашон каме андеша мекарданд. Тибқи ҳадиси Паёмбар (с), ҳар касе, ки худро мекӯшад, ӯ аз ин дунё беимон меравад,

Заррина Кенҷаева мегӯяд, агар мо мехоҳем, ки пеши роҳи идомаи худкӯшии занонро бигирем, бояд ҳама – ниҳодҳои давлативу ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва рӯҳониён бояд аз як гиребон сар барорем. Кумитаи занону оилаи Тоҷикистон аллакай дар робита ба ин мавзӯъ тарҳеро таҳия кардааст ва тибқи он дар маҳалҳо ба хотири пешгирии худкӯшии занон машварату омӯзишҳо доир мегарданд ва ба онҳо ҳатто занони мансабдор ҳам фаро гирифта мешаванд.

Гулбаҳор Ашӯрова, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон мегӯяд, онҳо ҳам омодаанд якҷо бо дигар ниҳодҳо, аз ҷумла, намояндагони Кумитаи дин бо занон вохӯрӣ ва сӯҳбатҳо анҷом диҳанд. Мо, вакилон ҳаргиз нисбат ба чунин ҳодисаҳо бетараф буда наметавонем. Аммо дар баробари ин шумораи равоншиносонро бештар кардан лозим аст, то онҳо тавонанд, бо маслиҳатҳои дурусти худ ба чунин занон кумак расонанд, меафзояд Гулбаҳор Ашурова.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳибони мо, бояд муҷозоти афроде, ки боиси худкӯшии занон мешаванд, вазнинтар шавад. Онҳо бо таассуф мегӯянд, ки ҳодисаҳои ҷазо додани омилони худкӯшии занон зиёд нестанд ва бештари онҳое, ки муҷозот шудаанд, чун мӯҳлати ҳабс кам аст зуд аз тариқи қонуни авф чаҳордевори маҳбасро тарк мекунанд. Ва кӣ метавонад бигӯяд, ки онҳо бо гузашти рӯзҳо боиси қасд ба ҷони худ кардани зани дигаре намешаванд...