Вакилони маҷлиси Санкт-Петербург пешниҳоди тариқи даъватнома ворид шудани муҳоҷирони корӣ ба қаламрави ин шаҳри Русияро пуштибонӣ кардаанд. Дар лоиҳаи қонун муайян кардани шакли даъватнома ба салоҳияти ҳукумати Русия вогузор шудааст.
Муҳоҷиронро барои кор ба Русия тибқи ин пешниҳод, ҳам ширкатҳо ва ҳам шаҳрвандони алоҳида метавонанд даъват кунанд. Дар ҳарду ҳолат талаботи асосӣ ин аст, ки ҷониби даъваткунанда бояд муҳоҷири кориро бо бимаи тиббӣ, ҷойи зист, кор ва маош таъмин бикунад.
Муаллифи ин пешниҳод Андрей Анохин мегӯяд, ки қабули чунин як қонун дар ҳоли ҳозир бисёр саривақтист, чун ба қавли ӯ "муҳоҷирони корӣ дар бозори меҳнат, ҷойи шаҳрвандони Русияро танг кардаанд". Ба назари Анохин, дар қаламрави Русия як "давлат"-е ташкил шудааст, ки ҳаёти махсус дорад ва бо қонунҳои хеш ва забони ғайри русӣ зиндагӣ мекунад..
Ҳамчунин муаллифи ин қонун аз шакли кори сохторҳои танзимкунандаи соҳаи муҳоҷирати Русия интиқод карда, онҳоро дар ташкили иқтисоди пасипардагӣ ва қонунигардонии муҳоҷирон айбдор намудааст. Ин вакили Маҷлиси Қонунгузор дар Санкт-Петербург мегӯяд, дар вазъи ногувори иқтисодӣ, роҳи ҳал танҳо дар ташкили ҷойҳои нави корӣ аст
"Ҳоло дар сохтмонҳои азим - варзишгоҳу ҷодаҳо, асосан муҳоҷирон банд ҳастанд. Шаҳрвандони Русия онҷо нест. Ин иштибоҳи бузурги системавӣ аст. Барои ҳамин, бояд дар бораи коҳиш додани ҷараёни муҳоҷират, сӯҳбат кард," -- афзуд ӯ.
Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол то 1 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон ба хотири таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ озими Русия мешавад. ФМС – Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия, ки ахиран аз як ниҳоди мустақил ба идораи зертобеи Вазорати корҳои дохилии Русия табдил ёфт, шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистонро ҳудуди як миллион баровард карда буд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ, ҷамъи мардикорони тоҷик дар бозори кори Русияро ҳудуди ду миллион нафар медонанд.
Пулҳое, ки муҳоҷирон аз Русия мефиристанд, як омили умдаи таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дониста мешавад. Вале дар соли 2015 ба далели мушкилоти иқтисодии Русия ҳаҷми пулҳои интиқолии муҳоҷирон башиддат коҳиш ёфт.