Ҷон Керрӣ раҳбарони Афғонистонро "оштӣ" медиҳад?

Акс аз бойгонӣ

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 9 апрел, талоши рафъи бӯҳронӣ сиёсӣ дар Афғонистонро кард.

Ҷон Керрӣ рӯзи шанбе ғайриинтизор вориди Афғонистон шуд, то амиқтар шудани ихтилоф миёни раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва раиси иҷроия доктор Абдулло Абдулло ҷилавгирӣ кунад. хотима гузошта шавад.

Ҷон Кирбӣ, намояндаи вазорати умури хориҷии Амрико, гуфт, Ҷон Керрӣ дар мулоқот бо Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло пуштибонии Амрикоро аз ҳукумати Афғонистон ва нерӯҳои амниятии кишвар, ки ба муқовимати шадиди Толибон рӯ ба рӯ шудаанд, иброз дошт.

Дар бораи мӯҳтавои гуфтугӯҳои Ҷон Керрӣ бо Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло алҳол иттилое зери даст нест. Аммо манбаъҳои огаҳ мегӯянд, ки сафари Ҷон Керрӣ бо афзоиши муборизаи сиёсӣ дар ҳукумати ваҳдати миллӣ, ки ба он Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло Абдулло раҳбарӣ мекунанд, бастагӣ дорад.

Мӯҳлати созиш дар бораи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон моҳи октябри соли равон баъд аз интихоботи парлумонӣ дар кишвар поён меёбад. Ин созиш тирамоҳи соли 2014 бо миёнҷигарии Ҷон Керрӣ имзо шуда буд.

Гуфта мешавад, мақомоти амрикоӣ аз вазъи амниятии Афғонистон ҳам сахт нигаронанд. Ба вижа, ки то ибтидои соли 2017 теъдоди низомиёни амрикоии мустақар дар Афғонистон аз 9800 нафар то 5500 афсару сарбоз коҳиш ёбад.

Бинои парлумони Афғонистон дар Кобул

Дар ҳамин ҳол мушкили умда, аз нигоҳи коршиносони маҳаллӣ, афзоиши муқовимат ва адами эътимод дар ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон аст. Рӯзи ҷумъа парлумони Афғонистон пешниҳоди ҳукумат дар бораи вазири умури дохила таъин кардани генерали артиш Тоҷмуҳаммад Ҷоҳидро пазируфт. Вакилони парлумон дар бораи дар ихтиёри Муҳаммад Фарид Ҳамидӣ, узви пешини Комиссиюни мустақили ҳуқуқи башар, вогузоштани курсии Додситонии кулли Афғонистон ҳам мувофиқат карданд. Ҳарду онҳо моҳи феврали соли равон баъд аз истеъфои собиқ вазири умури дохила Нурулҳақ Уломӣ дар мақомҳояшон таъин шуда буданд. Уломӣ баъд аз танқиди шадид дар робита ба бад шудани вазъи амниятӣ дар кишвар мақомашро тарк намуда буд.

Аммо номзадии вазири дифои Афғонистон бар асари мухолифат миёни ду раҳбари аршади ҳукумати ваҳдати миддӣ то ҳанӯз аз сӯи парлумон тасдиқ нашудааст. Раёсати миллии амнияти Афғонистон раҳбар надорад. Раиси пешини ин ниҳод моҳи декабри соли гузашта ба истеъфо рафта буд.

Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд, таҳлилгари сиёсии муқими Кобул, мегӯяд, раҳбарони ҳукумати ваҳдати миллӣ баръакси номи ин ниҳод бо ҳам муттаҳиду пойбанди ваҳдат нестанд. Ашраф Ғанӣ ва доктор Абдулло дар мавриди фарде, ки бояд ба мақоме таъин шавад, бо мушкили зиёд ба ҳам мувофиқат мекунанд ва ин хатари ҷиддие дар идораи Афғонистон аст, меафзояд ӯ. Ба гуфтаи таҳлилгар, ҳоло даҳҳо идораҳои давлатӣ тақрибан бесарпарастанд ва мудиру шахсе, ки корашонро пешбаранд, нест.

Таҳлилгари афғон мегӯяд, ки ҳанӯз ҳам кай баргузор шудани интихоботи парлумонӣ дар кишвар маълум нест ва шояд он мавқуф ҳам гузошта шавад. Аз ин пеш Кумиссиюни интихоботии Афғонистон гуфта буд, киинтихоботи ба таъхирафтодаи парлумони кишвар барои 15 октябри соли 2016 барномарезӣ шудааст. Интихобот танҳо замоне дар вақташ баргузор хоҳад шуд, ки агар ҳукумат барои он буҷаи зарурӣ ихтисос диҳад, амнияти номзадҳо, кормандони интихоботӣ ва қуттиҳои раъйдиҳиро таъмин кунад, гуфта будани масъулини ин комиссиюн..

Давраи 5-солаи парлумони кунунии Афғонистон моҳи июни соли 2015 ба охир расида буд, аммо ин интихоботро ба сабабҳои амниятӣ, ихтилофи назарҳо бар сари баргузории интихоботи озоду одилона ба таъхир гузоштанд, зеро интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 2014 ба баҳсҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда буд.

Ашраф Ғанӣ соли гузашта мӯҳлати эътибори парлумонро то замони баргузории интихобот тамдид кард. Мунтақидон қонунӣ будани ин фармони раиси ҷумҳурро зери суол бурдаанд.

Зимнан, қарор аст, ки баъд аз интихобот доктор Абдулло нахуствазири Афғонистон таъин шавад. Аммо ба гуфтаи Саид Аҳмад Наҷиб Маҳмуд барои ин бояд ба Қонуни асосӣ тағйирот ворид шавад, зеро дар он мақоми нахуствазир дар сохтори ҳукумат пешбинӣ нашудааст.