Узви дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон, ҳамлагар Ҷаҳонгир Эргашеви 22-сола, ки соли гузашта дар тими “Хуҷанд”- и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекард, бо бошгоҳи “Динамо”-и Брести Беларус шартнома ба имзо расондааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Эргашев зимистони имсол дар бошгоҳи «Белшина»-и Бобруйски Беларус аз санҷиш гузашта буд, вале шароити шартнома ҷонибҳоро ба мувофиқа наовард.
Бинобар ин, Ҷаҳонгир барои озмоиш ба бошгоҳи “Динамо” рафтааст. Шартномаи футболбози тоҷик бо ин бошгоҳ муҳлати шаш моҳро дарбар мегирад, ки он баъдан имкони тамдид карданро дорад.
Бояд гуфт, ки «Динамо» дар мусобиқоти соли гузаштаи қаҳамонии Беларус дар байни 14 даста дар мақоми 12-ум қарор гирифта буд.
Ҷаҳонгир Эргашев метавонад имрӯз, 2 апрел, барои аввалин бор дар ҳайати “Динамо” дар бозии мусобиқоти қаҳрамонии Беларус дар Брест муқобили БАТЭ (Борисов) ба майдон ояд.