Корпартоӣ дар як ширкати сохтмонӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Гурӯҳе аз сохтмончиёни ширкати хусусии "Муҳаммад-2009", ки дар кӯчаи Бухоро -29 -и шаҳри Душанбе ба бунёди хонаи истиқоматии баландошёна машғуланд, рӯзи 31-уми март бо нишони эътироз, ба сабаби маошҳои пардохтнашуда корпартоӣ карданд. Онҳо аз роҳбари худ талаби маоши семоҳаашонро доранд.