Барканории Мубин Эргашев ва ёваронаш

Дар пайи бохтҳои тими мунтахаби Тоҷикистон дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 Мубин Эргашев ва ёваронаш ба истеъфо фиристода шудаанд.

Раҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон рӯзи 30 март бо тасмими худ ситоди мураббиёни мунтахаби миллии кишварро ба истеъфо фиристод.

Ба ин тартиб, Мубин Эргашев - иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи мунтахаб - ҳамроҳ бо ёваронаш (Роман Пилипчук, Аслиддин Ҳабибуллоев ва Никола Лазаревич) "бино ба натиҷаҳои ғайриқаноатбахши мунтахаби миллии Тоҷикистон" дар марҳилаи дувуми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон – 2018 аз вазифаашон барканор шуданд. ​Дастаи Тоҷикистон дар ин марҳила дар гурӯҳи "В" бо тимҳои мунтахаби Австралия ва Қирғизистон бозӣ анҷом дода, аз аввалӣ бо ҳисоби 0:7 ва аз дувумӣ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд ва дар мақоми чорум ҷой гирифт.

Ин мағлубиятҳои пайиҳами дастаи мунтахаб вокунишҳои мухталифро миёни мухлисони футбол дар Тоҷикистон ба бор овард. Бештари онҳо аз шеваи бозии футболбозони тоҷик интиқод карданд. Аммо бархеи онҳо аз тасмими ахири Федератсияи футбол барои ба истеъфо фиристодани мураббиён низ истиқбол накардаанд. Яке аз корбарони Фейсбук дар пайи ин хабар гуфтааст, "ин тағйирот дарди футболи моро дармон нахоҳад шуд. Бояд барномаи рушди футболро бар пояи таҷрибаи муосир, бо татбиқи донишу ҳазинаи дархӯр ба таври бунёдӣ ба роҳ андохт."

Баъд аз шикаст аз дастаи мунтахаби Австралия Мубин Эргашев бо бемории қалб дар бемористони Қарияи Боло бистарӣ шудааст ва бозии дастаи Тоҷикистон бо Қирғизистонро Роман Плипчук, мутахассиси украинаӣ раҳбарӣ кард.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оё мушкили футболи Тоҷикистон бо барканории сармураббии мунтахаб рафъ хоҳад шуд?

Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои Ҷоми Осиё - 2019 ситоди нави мураббиён омода хоҳад кард. Номи сармураббии нави мунтахаби кишвар ба зудӣ эълон мешавад, ки баъдан ӯ ёваронашро интихоб хоҳад кард.

Мубин Эргашев тобистони соли гузашта иҷрокунандаи вазифаи сармураббии мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таъин шуд. Эргашев дар ин вазифа Мӯҳсин Муҳаммадиевро иваз карда буд, баъд аз нокомии дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар оғози сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 аз вазифааш истеъфо дод.