Истифодаи "қалён" дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад?

Вазорати тандурустӣ тарҳи қонунеро ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки дар баробари дигар маҳсулоти тамоку, истифода ва таблиғи қалён дар ҳудуди Тоҷикистонро маҳдуд мекунад.

Мутахассисони вазорати тандурустии Тоҷикистон ва боз чанд ниҳоди дигар бо таҳияи тарҳи қонун ба ҳукумат пешниҳод кардаанд, ки дар баробари дигар маҳсулоти тамоку, истифода ва таблиғи қалён дар ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд шавад.

Ин пешниҳод ба қонуни “Маҳдудияти истифодаи маҳсулоти тамоку” дар таҳрири нав ворид карда шудаааст, ки ҳоло дар баррасии ҳукумат қарор дорад. Дар сурати тасдиқ шудани ин тарҳ аз сӯи ҳукумат ва ирсоли он ба парлумон, истеъмоли қалён дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва таблиғи ин навъи тамоку дар кишвар, маҳдуд мешавад.

Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ”мо аслан дар ин лоиҳа ба маҳдудияти маҳсулоти тамоку таъкид кардем, ки дар сурати қабул шудан, ба қалён низ дахл хоҳад дошт.”

Қалён солҳои ахир дар Тоҷикистон торафт маъмул мешавад ва бархе аз тарабхонаҳо барои хоҳишмандон чунин навъи чилимкаширо пешниҳод мекунанд. Теъдоди қаҳвахонаҳои махсуси қалён ҳам рӯ ба афзоиш аст, ки муштариён дар он ҷойҳо намудҳои мухталифи чилимро “дуд меандозанд.”

Корманди яке аз чунин қаҳвахонаҳо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, гуфт, дар маҷмӯъ қимати истифодаи якдафъаинаи чилим аз 50 сомонӣ шурӯъ шуда то 300-400 сомонӣ мерасад.

Чилим - як ҷиҳозест, ки тавассути он омехтаи тамоку ва чанд навъи гиёҳу нӯшокиҳои спиртӣ ва маводҳои хушбӯкунандаро истифода мебаранд. Онҳое, ки қалёнро дуд кардаанд, мегӯянд, чилим ба инсон ҳиссиёти форам ва табъи болида бахшида, одамро сергапу серҳаракат мекунад.

Вале равоншиносони Маркази ҷумҳуриявии клиники наркологӣ бар инанд, ки қалён чун як навъи тамоку ба солимии инсон таъсири худро мерасонад. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то “кунун дар робита ба қалён дар Тоҷикистон, ягон пажӯҳише бурда нашудааст ва муайян ҳам нест, ки чӣ теъдод аз сокинони кишвар аз ин мавод истифода мебаранд.”

Зимнан, тарҳи нави қонуне, ки ҳоло дар дасти ҳукумат қарор дорад, дар сурати тасдиқ шудан, қонуни қаблии “Маҳудудияти истеъмоли маҳсулоти тамоку”-ро ки дар кишвар шаш соли пеш қабул шуда буд, иваз хоҳад кард. Ин қонун кашидани носу сигор дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла маконҳои болопӯшидаро манъ мекунад.

Тарҳи қонуни нав таҳияи механизми иҷроиш ва таъмини қонун оид ба мубориза зидди тамоку, зиёд намудани андоз барои тамоку ва маҳсулоти он, манъ кардани фурӯши тамоку ба шаҳрвандони то 18 соларо ҳам дар назар дорад.

Насибҷон Икромов, мутахассиси Хадамоти назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вазорати тандурустии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, яке аз дигар иловаҳо ба қонун, таҳияи статандртҳои истеҳсоли нос дар кишварро дар назар дорад. Ин стандартҳо риоякунии қоидаҳои санитарӣ ва меъёрҳои муқарраршудаи технологиро пешбинӣ мекунанд. Ба гуфтаи Насибҷон Икромов, ташхиси носе, ки ҳоло дар Тоҷикистон истеҳсол мешавад, нишон додааст, ки дар он элементҳои химиявии заҳрнок ва миқдори зиёди микробҳо мавҷуданд.

“Чунин ташхис барои аввалин бор дар якҷоягӣ бо мутахассисони Маркази саратоншиносии Донишгоҳи Миннесотаи ИМА ва Маркази таҳлили кимиёвии шаҳри Маскав анҷом шуд. Ин ташхис дар нос вуҷуди моддахои кимиёвӣ ба монанди хром, никел, марги муш, кадмий ва сурбро маълум кард. Ҳамчунин маълум шуд, ки миқдори бархе маводи кимиёвии заҳрдор ва саратонзо дар таркиби он назар ба меъёр даҳҳо маротиба бештар аст.”-мегӯяд ҷаноби Икромов.

Ба қавли Насибҷон Икромоев, таҳияи носе, ки ҳоло дастӣ ва аксаран дар шароити дур аз меъёрҳои тозагиву санитарӣ омода мешавад, истифодаи он ба “генофонди миллӣ” таъсири манфӣ мерасонад. “Моддаҳои таркиби нос бештар ба узвхои асаб, хозима, роххои нафаскашӣ, дилу рагҳои хунгард, гурда, масона, ҷигар таъсири бад расонида, аз истеъмоли нос инсон метавонад ба бемориҳои саратони ковокии даҳон, меъда, ғадуди зери меъда, мағзи сар, гардан, ҳалқ ва гулу гирифтор шавад”-афзуд ӯ.

Ин ҳам дар ҳолест, ки шумори носкашҳо дар Тоҷикистон назар ба онҳое, ки сигор мекашанд, хеле бештар аст, чунки нос назар ба сигор хеле арзонтар ва дастрас мебошад. Бар асоси оморҳои расмӣ, феълан дар кишвар беш аз 500 ҳазор нафар тамоку мекашанд, ки 78 дарсади онҳо мардон, 10 фисад занон ва 12 дарсади дигарро наврасон ташкил медиҳанд.