Масҷиди Умари Форуқ дар куҷост ва Ибни Аффон дар куҷо?

Шӯрои уламо ба таҳияи харитаи зиндаи масҷидҳои ҷомеъ шурӯъ кардааст. Ин харита имкон медиҳад, ки корбарони Интернет бо таърих ва акси масҷидҳо ошно шуда, роҳи тамос бо масъулонашро низ пайдо кунанд.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон барои аввалин бор ба таҳияи харитаи онлайн ё зиндаи масҷидҳои ҷомеи кишвар пардохтааст. Масъулони ин ниҳод мегӯянд, ки то кунун 11 масҷиди ҷомеи кишварро бо аксу таърихи таъсис ва нишонияш дар харитаи электронӣ дар Интернет ҷой додаанд.

Як манбаъ рӯзи 22 март гуфт, ки Шӯрои уламо аз ин тариқ дар бораи масҷидҳои расмӣ маълумоти кофӣ пешниҳод карда, барои намозгузоронe ҷаҳонгардон имкон медиҳад, то масҷидҳои мавриди назарашонро ба осонӣ пайдо намоянд. Ба қавли ӯ, ин иқдом ҳанӯз ба охир нарасида, таҳияи феҳристи масоҷиди дигари ҷомеъ идома дорад.

Феҳристи кӯтоҳи масҷидҳои ҷомеъ, ки ҳоло дар шакли харитаи зинда дар торнамои расмии Шӯрои уламои Тоҷикистон гузошта шудааст, аз Душанбе то Рӯдакиву Ҳисорро дар бар гирифта, барои мисол мегӯяд, ки масҷиди ҷомеи ба номи Усмон ибни Аффон дар куҷо воқеъ аст ва ё масҷиди Умари Форуқ чӣ таърих дорад?

Ба иттилои ин харитаи зинда, масҷиди ба номи Ибни Аффон дар кӯчаи Хоҷамбиёи Болои ноҳияи Исмоили Сомонӣ буда, то соли 2007 ҳамчун масҷиди панҷвақта фаъолият доштааст. Аммо тайи тақрибан даҳ соли охир ин макон ба ҳайси масҷиди ҷомеъ хидмат мекунад.

Ҳамин тавр, дар ин феҳрист дар бораи масҷиди ҷомеи ба номи Умари Форуқ гуфта шудааст, ки соли 1990 таъсис ёфта, дар оғоз бо номи “Масҷиди Аминҷон” маъруф буд ва ҳамчун масҷиди панҷвақта фаъолият мекард. “Cоли 1996 ин масҷид ба ҳайси масҷиди ҷомеъ ба қайд гирифта шуда, баъд аз тармиму азнавсозӣ масоҳаташ бештар гардид ва тақрибан 2000 нафар намозгузорро дар як вақт гунҷоиш дода метавонад,” – омадааст дар харитаи зиндаи масҷидҳои Тоҷикистон.

Инчунин, дар ин харитаи зинда дар бораи масҷиди ҷомеаи ба номи Мавлавӣ Муҳаммадҷон, масҷиди ба номи Ҷалолуддини Румии ноҳияи Шоҳмансур, масҷиди ба номи ҳазрати Усмони ноҳияи Рӯдакӣ, масҷиди Имоми Аъзами ноҳияи Фирдавсӣ, масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Ҳисор, масҷиди ба номи ҳазрати Билол (р)-и ноҳияи Фирдавсӣ ва масҷиди ҷомеи ба номи Ҳоҷӣ Яъқуби Душанбе низ маълумоти муфассал дода шудааст.

Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар ҳудуди 4 ҳазор масҷиди расмӣ ва бар илова беш аз ҳазор масҷиди ғайрирасмӣ фаъол ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи ҳукумат дар охирҳои моҳи январи соли ҷорӣ масҷидҳоро дар баробари интернет яке аз маконҳои ифротишавии ҷавонон номида ва гуфт, ки ҳоло теъдоди умумии масоҷид аз мактабҳои миёна зиёдтар шудааст.

Баъд аз ин изҳороти раисиҷумҳур, мақомоти Суғд низ шумораи масоҷиди минтақаро беш аз теъдоди мактабҳои таҳсилоти умумӣ донистанд. Онҳо гуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир дар шимоли Тоҷикистон камобеш 1 ҳазор мактаб ва ҳудуди 1 ҳазору 50 масҷид фаъолият доштаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода – раиси Хуҷанд низ дастур дод, ки бинои масҷидҳои, ба қавли ӯ, "зиёдатӣ" дар маҳаллаҳои ин шаҳр ба сехи дӯзандагӣ ё чойхонаву боғчаҳои бачагона табдил дода шаванд.

Табдили масҷидҳои ғайрирасмӣ ба маконҳои тафреҳӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ дар соли 2010, баъди мавриди иҷро қраор гирифтани қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ оғоз шуд. Дар ин муддат беш аз ҳазор масҷид дар гӯшаҳои Тоҷикистон ба ҷойи ҷамъиятӣ табдил дода шудааст.

Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, чунин рафтор бархӯрди номуносиби мақомот бо диндоронро ба намоиш гузошта, эҳтимол дар дили бархе аз сокинони Тоҷикистон, ки беш аз 90 дарсадашон мусалмонанд, “доғ” бигузорад. Онҳо мегӯянд, мақомот бояд тахриби масоҷид ва ё табдили онҳоро ба корхона ва ё чойхона тавре анҷом бидиҳанд, ки "на сих бисӯзаду на кабоб".