Бозмондаҳо ва косахонаи сари як навъи то ҳол барои илм номаълуми тираннозаврро дар биёбони Қизилқуми Узбакистон, бино ба гузоришҳо, кормандони Донишгоҳи Эдинбург ҳамроҳ бо пажӯҳишгарон аз Русия ва Амрико пайдо кардаанд. Ба гуфтаи донишмандони палеонтолог, бозмондаҳои ёфташуда барои таҳқиқи ҷараёни эволютсияи тираннозавр муҳим аст.
Ба ин навъи нави тираннозавр ба шарафи лашкаркаши маъруфи узбак Амир Темури Ланг Timurlengia euotica ном додаанд.
Томографияи компутарӣ нишон додааст, ки мағзи сари тираннозаври дар Узбакистон ёфтшуда шабеҳи тираннозаврҳоест, ки қабл аз он ба сар мебурданд.
Нахустин тираннозаврҳо дар сайёраи Замин тақрибан 170 миллион сол қабл пайдо шуда, дар тӯли даҳҳо миллион сол ҳаҷми бадани онҳо қиёсан чандон бузург набуд. Ҷараёни эволютсияи тираннозаврҳо барои илми муосир номаълум боқӣ мемонад.
Палеонтоголи маъруф Стивен Брюсатт, ки пажӯҳишҳо дар Узбакистонро раҳбарӣ мекард, дар мусоҳиба бо радиои ББС гуфт, “мо як навъи комилан нави динозаврро пайдо кардем. Он аз хешовандони наздики тираннозавр аст. Вале ҳаҷми бадани он хеле хурд буд, тақрибан баробари як асп. ОН дар асри табоширӣ (меловой период) ба сар мебурд. Аз он даврон то ҳол чунин бозмондаҳо ёфт нашуда буд.”
Timurlengia euotica, ба гуфтаи олимон, тақрибан 90 миллион сол қабл ба сар бурда, баданашро парҳо пӯшонда буданд. Дарозии бадани “Темурланг” 1,7 метр ва вазнаш тақрибан 250 кило будааст. Ин дар ҳолест, ки қади тираннозаврҳо то 12 метр ва вазнашон то 7 тонна будааст.
«Темурланг» ҳамчунин чанголҳои тез ва пойҳои дароз доштааст, ки зоҳиран ба он имкон медод, хеле зуд бидавад. Палеонтологҳо мегӯянд, бозмондаҳои то ҳол ёфтшудаи динозаврҳо дарак медиҳанд, ки ин навъи ҳайвон мағзи сари бузург ва ҳисси баланди шунавоӣ дошт.
Ҳанс Сюс, корманди осорхонаи миллии таърихи табиии Бритониё мегӯяд, “Тimurlengia euotica, тавре аз шакли дандонҳо ва чанголҳояш бармеояд, шикорчии моҳир буд ва асосан ҳайвоноти калони алафхӯр, аз ҷумла динозаврҳои ба истилоҳ «мурғобинӯл»-ро шикор мекардааст.”
Стивен Брссет аз ин изҳори ҳайрат мекунад, ки тираннозаврҳои ибтидо хурдҷусса чигуна дар натиҷаи таҳаввул соҳиби ҷуссаҳои бузурги чандтоннаӣ шуданд? Ба ақидаи донишмандон, Узбакистон аз камшумор гӯшаҳои сайёра аст, ки дар қаламраваш метавон бозмондаҳои ҳайвонотеро, ки ҳанӯз 20 миллион сол пеш ба сар мебурданд, пайдо кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад