Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Данғара имсол аз тариқи Маркази миллии тестӣ довталаб қабул намекунад. Ин донишгоҳ аз ҳаққи истиноии қабули мустақими довталабон бидуни имтиҳони Маркази миллии тестӣ бархӯрдор аст. Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳамакнун комиссияи кабули довталабонро таъсис дода ва барои қабули хуҷҷатҳо, эълон пахш кардааст.
Аз дафтари матбуоти Вазорати маорифи Точикистон рӯзи 18 март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, имтиҳонҳои қабули Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаҳри Данғара берун аз Маркази миллии тестӣ сурат мегирад. Вазорат мегӯяд, азбаски Донишгоҳи тиббии Хатлон барои супоридани имтиҳонҳои қабул аз тариқи Маркази миллии тестӣ омода нест, имсол аз супоридани имтиҳонҳо аз тариқи ин марказ, сарфи назар шуд.
Донишгоҳи давлатии тибии Хатлон аз ҳоло имтиҳонҳои қабули худро эълон карда бари супоридани имтиҳонҳо тариқи будҷавӣ ва шартномавӣ маълумот додааст. Қимати таҳсил дар ин донишгоҳи навтаъсис барои як сол 10 ҳазору 500 сомонӣ муайян шудааст. Танҳо нархи таҳсил дар факултаи стамотологӣ аз ҳама гаронтар -- 11 ҳазору 850 сомонӣ ( 1500 доллар) муайян шудааст.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар шаҳри Данғара 10 рӯз кабл бо фармони махсуси раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рафъи норасоии духтурон дар вилояти Хатлон таъсис дода шуд. Ба дунбол, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло, ки дар вазифаи ректори Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ Сино кор мекард, ректори донишгоҳи тозатаъсиси тиббӣ дар Данғара таъйин шуд.
Маркази миллии тестӣ дар ду соли гузашта масъулияти баргузории имтиҳонҳои қабул ва тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси довталабон дар мактабҳои олии Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Фаъолияти ин марказ ба вокунишҳои ҳам мусбат ва ҳам манфӣ рӯбарӯ шудааст.
Як қисми мардум мегӯянд, роҳандозии ин марказ имкон дод, ки пеши роҳи ришваву ошнобозӣ барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ як андоза гирифта шавад. Вале гурӯҳи дигар, асосан онҳое ки дар имтиҳонҳои Маркази тестӣ ноком мешаванд ваё аз тақсимбандии ихтисос ба ихтисоси он норозӣ мондаанд,мегӯянд, Маркази миллии тестӣ ҳам натавонист ҳарҷумарҷро дар мавсими дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон аз байн бибарад.