Абдулло Гарбонов, сокини 25-солаи Душанбе, ба иттиҳоми дуздии мошини хидматии Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуда, дар бозпурсиҳои ибтидоӣ дар шаш ҳолати дуздии дигари мошинҳо низ иқрор кардааст.
Ҳафтае пеш аз ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт худрави тамғаи “014”-и муталлиқ ба Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон “ғайб зад”. Баъд аз як ҳафтаи ҷустуҷӯ кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ин мошини Оҷонсии зидди фасодро аз маҳаллаи Гулбутта пайдо кардаанд.
Як манбаъ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 март ба Озодӣ гуфт, ки ҳангоми ошкор шудани дуздӣ алакай дарҳои мошинро канда, зери дарзаҳои ҳезум пинҳон карда буданд. Ба қавли мусоҳиби мо, аз манзили зисти Гарбонов, инчунин, чанд қисми эҳтиётии дигари мошинҳои сабурав кашф шудааст.
"Ин ҷавон худ устои мошинҳои сабурав буда, пас аз дуздӣ мошинҳоро ба қисмҳои эҳтиётӣ табдил дода, ба савдо мегузоштааст," – афзуд манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 16 март бо пахши иттилоияи расмӣ аз боздошти як гурӯҳ аз мошинрабоён дар пойтахти кишвар хабар дод. Дар ин иттилоия низ аз дуздии мошини тамғаи “014” дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ хабар дода шуда, вале гуфта нашудааст, ки ин худрав ба Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон тааллақ дорад.
Аммо вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, боздошти ин гуруҳ дар пайи муроҷиатҳои сокинон сурат гирифтааст: “Ин гурӯҳ тайи соли 2015 ва моҳҳои январ - марти соли 2016 автомашинаҳои сокинони шаҳри Душанбе ва гирду атрофи онро рабуда, бо ҳамин роҳ ба худ роҳи пулкоркунӣ ёфтаанд. Аммо ин шикори онҳо дер давом накард.”
Ба иттилои манбаъ, боздоштшудагон асосан аз 19 то 27 сол дошта, сокинони Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ будаанд: “Ин гурӯҳ рӯзи 01.01.2016 автомашинаи шахсии тамғаи “Опел-Астра”-и марди 28-солаи сокини кӯчаи Фирдавсии Душанбе, шаби 22 ба 23.02.с.2015, автомашинаи тамғаи “Чанху”-и марди 23-солаи сокини ноҳияи Ҳисор, шаби 20.02.с.2015, автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-и марди 33-солаи сокини ноҳияи Ҳисорро рабудаанд.”
Мақомот мегӯянд, дар робита ба ин қазияҳо парвнадаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Ба ҳисоби онҳо, зиёнаи расида аз ин дуздиҳо ба 70 ҳазор сомонӣ, муодили тақрибан даҳ ҳазор долар баробар будааст.