800 ҳазор зан ва 1,5 млн кӯдаки афғон мӯътоди маводи мухаддиранд

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар он кишвар шумораи мӯътодони маводи мухаддир ба 3,5 миллион нафар мерасад, ки 800 ҳазори он занон ва 1,5 миллиони дигари он кӯдакон мебошанд.

Тибқи омори вазорати мубориза бо маводи мухаддир Афғонистон, дар ҳоли ҳозир дар он кишвар шумораи мӯътодони маводи мухаддир дар он кишвар ба 3,5 миллион нафар расидааст.

Муҳаммад Ҳаниф Донишёр, сухангӯи вазорати мубориза бо маводи мухаддир Афғонистон рӯзи 12 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ин миён 800 ҳазор зан ва 1,5 миллиони онро кӯдакон ташкил медиҳанд. Дар ҳоле, ки бар асоси назарсанҷии соли 2012, шумораи занони мӯътод 250 ҳазор нафар ва теъдоди кӯдакон мӯътод низ ба 250 тан мерасид.

Гуфта мешавад, ки бештари занони истеъмолкунандагони маводи мухаддир дар шаҳрҳои бузурги Афғонистон мебошанд ва ин занон барои муолиҷа аз маводи мухаддир ҳамчун дору истифода мекунанд ва барои оромиш ва хобонидани кӯдаконашон, ба онҳо давоҳои нашъадор медиҳанд.

Ба гуфтаи масъулони афғон, ин занон дар оғоз аз тарёк истифода мекунанд ва вақте, ки таъсири он кам шуд, ба ҳероин рӯ меоваранд. Бар асоси назарсанҷии вазорати мубориза бо мухаддироти Афғонистон, аксари занон ва кӯдакон аз мардони мӯътоди хонаводаҳояшон мутаассир шудаанд.

Вазорати маводи мухаддири Афғонистон аз уламои дин, муаллимони мактабҳо ва бузургони қавмӣ даъват кардааст, ки коҳиш додани мӯътодон мусоидат кунанд.

Шумораи занони мӯътод дар Афғонистон рӯ ба афзоиш будааст ва ин суолро ба миён овардааст, ки бо сабаби он чист? Ҷовид Аҳмад Қоим, муовини вазорати мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон гуфтааст, ки "фақр, бесаводӣ, бекорӣ, фишорҳои равонӣ ва мусофиратҳо аз бузургтарин омилҳои рӯ овардани занон ба маводи мухаддир аст."

Ин вазоратхона гуфтааст, ки тибқи маълумоти онҳо, шумораи бештари мӯътодон дар Кобул -- пойтахти Афғонистон ҳастанд. Дар ҳоле ҳозир дар он кишвар 170 маркази дармони мӯътодон вуҷуд дорад. Масъулони афғон мегӯянд, ки барои муолиҷаи занони мӯътод марказҳои вижа мавҷуд дорад, аммо бинобар русуми фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, шумораи зиёде аз хонаводаҳо, занон ва духтарони мӯътодашонро барои дармон ба ин марказҳо намеоваранд.