"Трансформатор" ба фурӯш меравад

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Қӯрғонтеппаро ба фурӯш гузоштааст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон аз фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки яке аз корхонаҳои азими тавлиди трансформатор, таҷҳизоти барқӣ барои зеристгоҳҳо ва нерӯгоҳҳо аст, хабар додааст. Ин ниҳод дар сомонаи расмии худ гуфтааст, ки шахсони ҳуқуқию воқеъӣ метавонанд, ки барои соҳиб шудан ба саҳмияҳои Ҷаъмияти саҳҳомии кушодаи “Трансформатор” то 25 марти соли ҷорӣ муроҷиат кунанд.

Искандар Абдуллоев, муовини аввали раиси шаҳри Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфт, тибқи талаботи ҳукумати кишвар дар бораи хусусигардонӣ, ин корхонаи азим ба фурӯш гузошта шуда, як шарти аслӣ, шароити корӣ муҳайё намудан дар ин корхона аст ва касе ин талаботро иҷро кунад, соҳиби корхона мешавад: “Нисбат ба давраҳои пешин кор дар ин корхона хуб шудааст, вале агар соҳибмулк пайдо шавад, шароиташ хубтар мегардад.”

Корхонаи “Трансформатор” дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа ҷойгир аст ва дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсулоти хомро аз шаҳрҳои Русия ва Белорусия ворид карда, барои кишварҳои Осиёи Миёна ва берун аз он тарансформаторҳо ё зеристгоҳои барқиро тавлид мекард. Баъди суқути Шӯравӣ, ин корхона оҳиста-оҳиста харидоронашро аз даст дод.

Солҳои 2012 то охирҳои соли 2014 харидорони аслии трансформаторҳои ин корхона соҳибкорони вилоятҳои Тахор, Бадахшон, Қундуз ва Балхи Афғонистон буданд, аммо дар пайи нооромиҳои ахир дар ин манотиқ, равобити тиҷоратӣ гусаста шуд ва ин корхона шартномаи кориро дар дохили кишвар ба роҳ мондааст.

Ҳомид Мирзоев, сармуҳандиси Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Трансформатор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки як омили ба фурӯш гузоштани корхона, набуди харидори трансформатор ва маҳсулоти тавлидотии он мебошад, ки қарзашон дар назди Кумитаи андоз афзудааст.

Ҳомид Мирзоев гуфт, ки аз сӯи дигар Шабакаҳои барқи ҷанубӣ ва ширкати "Барқи тоҷик" аз онҳо қарздор ҳастанд: “Тибқи шартнома бо ширкати "Барқи тоҷик" дар се моҳи ахири соли 2015 ба маблағи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ маҳсулот додем. Пули моро надоданд, дигар наметавонем кор кунем. Ҳудуди 70 ҳазор сомонӣ Шабакаҳои барқӣ ҷанубӣ қарздор ҳаст. Агар пулҳоямонро диҳанд, мо қарзи 50 ҳазор сомонии худро ба Кумитаи андоз бармегардонем.”

Раҷабалӣ Бояков, муҳандиси Шабакаҳои барқи ҷанубӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо қарздор ҳастанд, аммо дар мавриди шартнома миёни ширкати "Барқи тоҷик" ва корхонаи “Трансформатор” оиди миқдори қарз ва муддати бозпас гардонидани он чизе гуфта наметавонад.

Масъулини корхонаи "Трансформатор"-ро муносибати кории ширкати "Барқи тоҷик" нигарон кардааст, ки аз ширкатҳои хориҷӣ трансформатор ё зеристгоҳҳои барқиро харидорӣ карда, қарзи худро ба ин корхона напардохтааст.

Коршиносони иқтисодӣ дар вилояти Хатлон бар ин назаранд, ки омили муфлисшавии ин корхонаи азим қарзи ӯ дар назди Кумитаи андоз мебошад.

Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Трансформатор” яке аз корхонаҳои азими тавлиди трансформатор ва таҷҳизоти барқӣ барои зеристгоҳҳо ва нерӯгоҳҳо буд ва ҳудуди 200 нафар дар он кор мекард. Ҳоло дар ин муассиса 141 нафар фаъолият менамояд.

Маълум нест, ки дар оянда молики корхонаи “Трансформатор” кӣ хоҳад шуд, вале гуфта мешавад, ки ба фурӯш гузоштани ин корхона як роҳи аз муфлисшавӣ наҷот додани он ва беҳбуди фаъолияти он мебошад. Имкон дорад бо оғози фаъолияташ ҷойҳои нави корӣ пайдо шуда, дастгоҳҳое, ки солҳо аз кор монда буданд, дубора фаъол шаванд.