"Давлати исломӣ" як гузаргоҳи стратегиро аз даст дод

Мухолифони давлати Сурия назорати гузаргоҳеро дар марз бо Ироқ ба назорати худ даровардаанд. Дар ин бора Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия хабар додааст.

Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, нерӯҳои эътилофи зери фармондеҳии Амрико дар ҳамлаҳои ҳавоӣ нерӯҳои «Давлати исломӣ”-ро дар қаламрави Сурия аз марз дур кардаанд ва назорати як гузаргоҳ дар марз бо Ироқ, дар ихтиёри мухолифони давлат даромадааст.

Маркази назорат бар ҳуқуқи башари Сурия гуфтааст, ки нерӯҳои мухолифи давлат аз қаламрави Урдун ба минтақаи марзии миёни Сурияву Ироқ ворид шудаанд ва Ал-Танфро ба назорати худ даровардаанд.

Даргириҳо як рӯз пеш оғоз шуда буд ва размандагони Артиши озоди Сурия ҷангиёни “Давлати исломӣ”-ро шикаст доданд. Бино ба хабари Кумитаи ҳамоҳангсоз, дар ин ҷангҳо аз ҷангиёни “Давлати исломӣ” як нафар кушта, чанд нафари дигар захмӣ шуданд.

Вале дар қаламрави Ироқ назорат бар қисмати дигари Ал-Танф ҳамоно дар ихтиёри гурӯҳи "Давлати исломӣ" ё ДОИШ қарор дорад. ДОИШ дар ҳар ду тарафи марз Ал-Танфро моҳи майи соли 2015 ба тасарруфи худ дароварда буд.

Дар имтидоди тамоми марзи Сурия бо Ироқ боқимондаро гурӯҳи ДОИШ дар назорати худ доранд, ки гузаргоҳҳои асосӣ бо номи Абу Камол аз ҷумлаи он ба шумор меравад. Вале дар шимол Ёробия дар ихтиёри размандагони курд аст.

“Давлати исломӣ” баъд аз тасарруфи сарзаминҳои Ироқу Сурия дар солҳои 2014 ва 2015 баъзе минтақаҳои ба дастовардаи худро ба курдҳои Сурия ва ба нируҳои ироқиву шибҳанизомиёни ин кишвар бохт.

Бретт мак Гурк-фиристодаи Амрико барои нерӯҳои эътилоф, ки бар зидди тундравҳои ДОИШ меҷанганд мегӯяд, ки дар ҳафтаҳои гузашта тундравҳо минтақаҳои муҳимро аз даст додаанд. Мак Гурк дар Бағдод ба рӯзноманигорон гуфт, ин чанд километре, ки дар ду ҳафтаи охир ДОИШ бохт, танҳо як масоҳат нест. Ин минтақа хусусияти стротегӣ низ дорад.

ДОИШ то ҳол назорат бар минтақаҳои Сурияву Ироқро дар ихтиёр дорад ва Мавсил-дуввумин шаҳри бузрги Ироқ аз ҷумлаи он ба шумор меравад. Ин гурӯҳ ҳамчунин дар давоми ҳафтаи гузашта дар Ироқ чанд бамгузории қавӣ анҷом дод, ки даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд.

Рӯзноманигорон дар Бағдод аз Бретт мак Гурк пурсиданд, ки оё барои пас гирифтани шаҳрҳои Мавсили Ироқ ва Раққа дар Сурия нақшаҳое пешбинӣ шудааст? Гурк аз посух ба ин суол худдорӣ кард ва гуфт, ки барои пас гирифтани ин марказҳои ДОИШ ҳоло ягон ҷадвали замонӣ пешбинӣ нашудааст. Вале вай гуфт, ки “ДОИШ қаламравҳои зери назораташро аз даст медиҳад, зеро мо ҳар чӣ бештар барои таъмини суботи вазъ талош мекунем.”