Издивоҷи маҷбурӣ: Волидон ҳукм мекунанд

Чанд ҳодисаи худкушии ҷавонҳо дар моҳҳои ахир шикоферо, ки дар муносибати наслҳои гузаштаву имрӯза вуҷуд дорад, ваcеътар кард.

Аксари ҷавонҳо бо он ки ба падару модари худ эҳтиром доранд, дахолати аз ҳад беши онҳоро дар масъалаи издивоҷ ва ё умури хонаводагии худ зарур намешуморанд. Ҷумъагул Мирзоева 30 сола аст. Ӯ яке аз даҳҳо занонест, ки бо 3 фарзанди хурдсол аз шавҳар талоқ гирифтааст. Ҷаҳду талоши дусолаи ӯ барои гирифтани як сарпаноҳ аз падари фарзандон, ки корманди як ниҳоди қудратӣ будааст, бенатиҷа анҷом ёфт. Мақомот ӯро дар як ҳуҷрае дар хонаи шавҳар маскун карданд, ӯ лату куб шуд ва бо фарзандон ба хонаи падар баргашт.

Ҷумъагул мегӯяд, “зиндагии ман баъди таваллуди кӯдаки аввал хуб буд. Баъди кӯдаки дуввум бисёр бемор шудам, ба мо келини бемор даркор нест гуфта ронданд. Махсусан ҳамин як соли ахири зиндагӣ ҳар чизе мешунид, дурусту нодуруст, омада мезад маро. Ҳамеша мегуфт, аз гашта омаданат мурданат беҳ аст, ту бояд ба хонаи мо намеомадӣ дигар.”

Ҷумъагул Мирзоева.

Қиссаи оиладоршавии Ҷумъагул ҳам шабеҳи сарнавишти бисёре аз занони хонаводаҳои суннатии тоҷик аст. Падари Ҷумъагул бо як дӯсти деринаш барои издивоҷи фарзандон ва қавитар кардани робитаи дӯстӣ аҳд баст. Аммо ин аҳд билохира ба ҷудоии фарзандону ду дустӣ дерина ва ба ятим мондани 3 тифл анҷом ёфт. Баъди 9 соли зиндагӣ ва ҷангу ҷанҷолҳои зиёд Ҷумъагул бо фарзандон аз хонаи шавҳар берун шуд. Aммо бо ин ҳама ӯ аз волидони худ гиламанд нест ва мушкили зиндагии худро амри тақдир медонад. Ҳарчанд таъкид мекунад, ки шояд агар ҳамсарашро аз қабл мешинохту меомӯхт, зиндагиаш ранги дигар мегирифт.

Падари Ҷумъагул, бо дидани ранҷу азоби духтараш ва ҳатто қасди худкушии ӯ аз кори карда пушаймон аст ва мегӯяд, бояд ихтиёрро дар оиладор кардани духтар ба дасти худ намегирифт ва ҳаргиз бемаълумот ӯро водор ба изивоҷ намекард. “Ман аз тамоми духтардору бачадорҳо хоҳиш мекардам, ки бигзоранд аввал духтару бача ҳамдигарро омӯзанду шиносанд, баъд оиладор шаванд. Aввал духтарон бояд хонанд, як маълумот гиранд, баъд ба шавҳар бароянд. Ҳоло афсус мехӯрам, ки мо ӯро писари дӯстам гуфта нахонондаму шавҳар додам. Мо аз соли 1983 шинос будем, вале намедонистем, ки ба чунин рӯзе мерасем”- мегӯяд падари Ҷумъагул.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Издивоҷи маҷбурӣ: Волидон ҳукм мекунанд

Волидайнсолорӣ ё ба дасти худ гирифтани ихтиёри фарзандро дар хонводаҳои тоҷик ҷомеашиносон як омили аз ҳампошии хонаводаҳо ва дигар нохушиҳои зиндагии фарзанд медонанд. Волидон аксаран дар тасмимигириҳои муҳими зиндагии фарзанди худ зиёдаравӣ мекунанд ва ба далели ҷавону бетаҷриба будани онҳо, ихтиёрро ба дасти худ мегиранд, ки ин ба таъкиди ҷомеашиносон, агарчӣ бо нияти хайрхоҳона аст, вале метавонад паёмади хуб надошта бошад.

Абдумудассир Аҳмадзода, рӯзноманигор, ки бештар дар масоили хонаводагӣ матлаб менависад, мегӯяд, “мутаассифона ин ҷо баъзан ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки тасмими волидайн метавонад ғалат бошад ва фарзанд метавонад нисбат ба волидайни худ бештару хубтар донад ва вақте садди роҳи ӯ мешавӣ, ӯ аз дигар роҳҳо кор мегирад. Шахсан ба худи ман ҳам духтараке дирӯз муроҷиат кард, ки ба ҳолати сахте гирифтор аст ва мехоҳад худашро ба дарё партояд, сабаб пурсидам гуфт, волидонам намехоҳанд маро ба ҷавони дӯстдоштаам диҳанд. Онҳо ба маҳалли ҷавон нигоҳ карда, издивоҷи онҳоро намехостаанд. На танҳо дар мавриди оиладоршавӣ, балки таҳсилу дигар паҳлӯҳои зиндагӣ ҳам ҳамин иштибоҳҳо дида мешавад. Ин ҷо бояд волидон сади роҳ нашаванд, балки аввал хуб омӯзанд.”

Онҳое ҳам кам нестанд, ки нақши фармонфармои ва сиёсати волидонро дар зиндагии худ муҳим медонанд. Фаррух Сатторов, ҳамсӯбати дигари мо мегӯяд, агар сахтгирии волидон намебуд, ӯ имрӯз бо шаҳодатномаи аъло, дар муҳоҷират ба кори сангину сиёҳ машғул буд.

Ӯ мегӯяд, ки “падару модар ҳеҷ вақт бадбахтии фарзандро намехоҳад. Ман Pусия рафтам, вале падару модарам маҷбурам карданд, ки ба донишгоҳ дохил шавад. Зеро ман мактаби миёнаро бо шаҳодатномаи сурх хатм кардам ва намехостанд, ки донишам ҳайф шавад. Ман фикр мекунам, волидонам роҳи дурустеро бароям нишон доданд. Агар дар ихтиёри худ мебудам, дар муҳоҷират мемондам.”

Ҷомеашиносон ба он таъкид мекунанд, барои хушбахту муваффақ дидани фарзанд, ҳар падару модар бояд қабл аз ҳама ҷигарбанди худро хуб шиносад, ба арзиши инсонии ӯ арҷ гузоранд ва бо дахолати ноҷо зиндагии онҳоро талх насозанд.