Дар Душанбе сабқати футболбоззанон шурӯъ шуд

Дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон шурӯъ шуд.

Мусобиқаи ҷумҳуриявии футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон, ки ҳамасола 8 март таҷлил мешавад, оғоз ёфт. Бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе то рӯзи 6 март идома хоҳанд кард. Дар ин мусобиқа ҳашт даста ширкат дорад.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа), мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) ва «Барқ» (Норак) ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Ласточка» (Душанбе), «Зебо» (Ҷиликӯл), «Ситора» (Фархор) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) дохиланд.

Дар даври аввали мусобиқа рӯзи панҷшанбеи 3 март чаҳор бозӣ баргузор шуд. Дар сабқати гурӯҳи «А» дастаи «Вахш» бар тими«Барқ» бо ҳисоби 3:0, мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 5:1 ғолиб омаданд.

Дар гурӯҳи «Б» дастаи «Ласточка» тими «Регар»-ро бо ҳисоби бузурги 9:1 шикаст дод. Дастаи «Зебо» бар «Ситора» бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.

Тибқи низомномаи мусобиқа ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум талош хоҳанд кард. Бозиҳо аз ду қисми 35-дақиқаӣ иборатанд. Бозиҳои ҳалкунандаи мусобиқот рӯзи якшанбе, 6 март, барпо мегарданд.

Ба иттилои Дилором Нусратуллоева, мудири шӯъбаи футболи занонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин мусобиқа барои дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14), ки охири моҳи апрел дар мусобиқоти минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Душанбе ширкат меварзад, як марҳилаи омодагӣ маҳсуб мешавад.

Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона бахшида ба Рӯзи модарон – 8 март

Гурӯҳи «А». Даври 1-ум

«Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Барқ» (Норак) – 3:0

«Хуҷанд» (Хуҷанд) – Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – 1:5

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон

1

1

0

0

5-1

3

2

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

1

1

0

0

3-0

3

3

«Барқ» (Норак)

1

0

0

1

0-3

0

4

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

1

0

0

1

1-5

0

Гурӯҳи «Б». Даври 1-ум

«Зебо» (Ҷиликӯл) – «Ситора» (Фархор) – 2:0

«Ласточка» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 9:1

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

«Ласточка» (Душанбе)

1

1

0

0

9-1

3

2

«Зебо» (Ҷиликӯл)

1

1

0

0

2-0

3

3

«Ситора» (Фархор)

1

0

0

1

0-2

0

4

«Регар-ТадАЗ» (Турсунзода)

1

0

0

1

1-9

0

Тақвими бозиҳои боқимонда:

Даври 2-юм

4 март (ҷумъа)

«Норак» – «Хуҷанд»

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Вахш»

«Регар-ТадАЗ» – «Ласточка»

«Ситора» – «Зебо»

Даври 3-юм

5 март (шанбе)

«Хуҷанд» – «Вахш»

Мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-14) – «Норак»

«Ласточка» – «Зебо»

«Регар-ТадАЗ» – «Ситора»

6 март (якшанбе)

Бозӣ барои ҷойи 3-юм

Ҷойи 2 «А» – Ҷойи 2 «Б»

Бозии ниҳоӣ

Ҷойи 1 «А» – Ҷойи 1 «Б»