Сабқати 7 ҳизби сиёсӣ барои дарёфти ду курсӣ дар парлумон

Намояндагони ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар интихоботи миёндаврии моҳи апрели соли ҷорӣ нерӯи худро барои дарёфти ду курсии холимондаи парлумон хоҳанд санҷид.

Намояндагони ҳафт ҳизби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар интихоботи миёндаврии моҳи апрели соли ҷорӣ иштирок ва барои дарёфти ду курсии холимондаи Маҷлиси Намояндагон талош хоҳанд кард. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон рӯзи 23 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки онҳо номзади худро вориди корзори интихобот карда, барои пирӯзӣ тамоми нерӯяшонро ба харҷ медиҳанд. Вале афзуд ӯ, ин масъала баъди бозгашташ аз Қазоқистон ва баргузор кардани нишасти Шӯрои ҳизби сотсиал-демократ ниҳоӣ хоҳад шуд.

Рӯзи 10 апрели соли ҷорӣ дар ду ҳавзаи интихоботӣ – ҳавзаи якмандатии рақами 1-и ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва 16-и ноҳияи Ҷаббор Расулов – барои ду курсии холимондаи парлумон интихоботи миёндаврӣ баргузор мешавад. Абдуманнон Додозода, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба Озодӣ гуфт, ки омодагиҳо барои баргузории интихобот дар ин ду ҳавза шурӯъ шудааст. Аҳзоби сиёсӣ то 25 марти соли ҷорӣ имкони пешниҳоди номзадҳояшонро доранд.

Абдуҳалим Ғаффоров, раиси ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки дар ҳавзаи якмандатии Фирдавсии пойтахт номзадии Таманно Раҷабова ва дар ҳавзаи Ҷаббор Расулов устоди донишгоҳи Хуҷанд Матлуба Умароваро пешниҳод мекунанд. Дар ҳизби демократи Тоҷикистон гуфтанд, ки ин ҳизб Ҳикматулло Саидиён, муовини ҳоло ҲДТ ва дар гузашта раҳбари ҳизби сабтнашудаи Ваҳдатро ба унвони номзад дар интихобот пешниҳод кардаанд.

Ҳамчунин, аҳзоби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ эълон кардаанд, ки дар интихоботи миёндаврӣ ба парлумон ширкат хоҳанд кард.

Усмон Солеҳ, раиси бахши иттилоот ва таҳлили ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфта буд, ки дар ҳавзаи рақами 1-и ноҳияи Фирдавсӣ номзадии декани факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ Эмомалӣ Насриддинов ва ба ҳавзаи Ҷаббор Расулов раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Зафаробод Алиҷон Саидзодаро пешниҳод хоҳанд кард.

Тасмими баргузории интихоботи миёндаврӣ дар ҷаласаи 4 феврали кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гирифта шуд. Мақомоти ин ниҳод мегӯянд, ки ин интихоботи миёндаврӣ барои ҷойҳои холимондаи Маҳмадалӣ Ватанзода ва Комилҷон Салимзода - вакилони пешини парлумон - баргузор хоҳад шуд.

Ҳоло Маҳмадалӣ Ватанзода ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар Маҷлиси олӣ ва Комилҷон Саидзода раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов таъин шудаанд. Маҷлиси Намояндагон ваколати ин ду нафарро қабл аз муҳлат қатъ кардааст.

Ин интихоботи миёндавраӣ баъди як соли интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад, ки дар пайи он ду ҳизби мухолиф - ҳизби ҳоло манӯи наҳзати исломӣ ва коммунист - аз курсиҳои худ дар Маҷлиси Намояндагон маҳрум шуданд. Баъд аз он ҳам ҳизби коммунист ва ҳам ҳизби ҳоло мамнӯи наҳзати исломӣ гуфтанд, ки натиҷаҳои ин интихоботро қабул надоранд ва дар он тақаллуби густарда сурат гирифтааст.

Созмонҳои байналмилалие мисли Созмони Анмият ва Ҳамкорӣ дар Аврупо низ дар гузориши худ натиҷаҳои интихоботи 1 марти соли гузаштаи Тоҷикистонро шаффоф надонист ва барои беҳтар шудани низоми интихоботӣ ба Тоҷикистон тавсияҳояшро ироа кард. Ин созмон мегӯяд, ки дар интихоботи моҳи марти гузашта низ асосан овоздиҳии як нафар ба ҷойи чанд узви оила мушоҳида шудааст.