Писари муовини раиси гумруки Қирғизистон Раҳимбек Матраимов дар назди ҳавзе дар меҳмонхонае дар Сингапур бо соати швейтсарии навъи Hublot аккосӣ шудааст. Иҷораи утоқи арзонтарин дар ин меҳмонхона барои як шахс 600 доллар аст. Дар аксҳои дигар ин мактаббача дар мактабҳои гаронарзиши футболи Бритониё ва Дубай аккосӣ шудааст.
Фарзандони мақомоти қирғиз аз намоиш додани сарвати худ шарм намедоранд. Аммо худи Раҳимбек Матраимов, ки бо лақаби бисёрмаънои “Раҳим-миллион” шӯҳрат дорад, дастраси умум нест ва аз хабарнигорон дурӣ меҷӯяд.
Фарзандони дигари мақомоти гумрук дар Инстаграм низ "ситора" шудаанд. Духтари муовини гумруки роҳи оҳани “Северная” Қодир Кенешов 16 ҳазор муштарӣ дорад. Ӯ дар аксҳо дар либосҳои Долче ва Габанна ва мошинҳои Мерседесу БМВ-ҳои дорои садои мамнуъшудаи сигнал аккосӣ шудааст.
Шабакҳои иҷтимоӣ ҳамчунин ба фарзандони мақомоти милисаи Қирғизистон таваҷҷӯҳ доранд. Писар ва духтари муовини вазири корҳои дохилӣ Курсан Асанов, ки донишҷӯи донишгоҳи Массачусетс мебошанд. Онҳо мегӯянд, ки барои таҳсил дар Бостон маҷбур ҳастанд ҳар моҳ 50 ҳазор доллар пардохт кунанд. Аз ин маблағ танҳо барои таҳсил 30 ҳазор доллар сарф мешавад. Маълум аст, ки маоши генералии Асанов барои чунин харҷ аслан намерасад.
Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Қирғизистон таъкид мекунанд, ки агар идораи кадрҳои ВКД ва Додситонии Қирғизистон мустақил мебуданд, бо дидани ин аксҳо бояд таҳқиқ мекарданд, ки ҷавонони “тилоии” қирғиз аз кадом маблағ чунин кайфу сафо доранд.
ВИДЕО дар инҷост: