BoburDay ҷойгузини Рӯзи Валентин шуд

Дар Узбакистон рӯзи 14 феврал ба ҷойи Рӯзи ошиқон ё Валентини муқаддас аз зодрӯзи Заҳириддин Муҳаммад Бобур, шоир ва ходими давлатии замони Темуриҳо таҷлил мешавад.

Чун дар солҳои қаблӣ дар соли ҷорӣ низ дар Тошканд ва шаҳрҳои дигари бузурги Узбакистон дар рӯзи 14 феврал таҷлил аз Рӯзи ошиқон ва баргузории консертҳо дар иртибот ба он мамнӯъ аст.

Манобеъи бахши узбакии Озодӣ мегӯянд, ки шогирдони мактабҳои миёна ва донишҷӯён аз авоқиби ҷашнгирӣ аз Рӯзи ошиқон ҳушдор дода шудаанд.

Қаблан Озодӣ хабар дода буд, раҳбарони муассисоти таҳсилоти олии Узбакистон аз донишҷӯён тақозо кардаанд, ки санадеро дар бораи ширкат накардан дар ин ҷашнро имзо кунанд. Уламои исломӣ низ дар мавъизаи намози ҷумъа Рӯзи ошиқонро ҷашни ғайришаръӣ эълон кардаанд.

Ба эътиқоди мақомоти Узбакистон, ҷашнгирии Рӯзи Валентини муқаддас хилофи анъаноти ҷомеаи кишвар ва аҳкоми ислом аст. Бо вуҷуди мамнӯъият Рӯзи ошиқон дар миёни ҷавонони Узбакистон маҳбубият дошта ва дар солҳои ахир на танҳо ҷавонон, балки миёнсолон низ аз ин рӯз таҷлил мекунанд.

Зимнан, дар Тоҷикистон мухолифони ҷашни рӯзи Валентин ё рӯзи ошиқон низ кам нестанд. Афроди мазҳабӣ мегӯянд, аксар сокинони Тоҷикистон аз таърихи ин ид хабар надоранд. Ба қавли онҳо, агар ҷавонони тоҷик аз хусусияти динӣ доштани рӯзи ошиқон огоҳ шаванд, аз ҷашнгирии он даст хоҳанд кашид. Таьрихи ин ид ба давраҳои аввали масеҳият бармегардад ва ба номи роҳиби насронӣ Валентини Муқаддас пайванд дорад, ки бо фармони императори Рим Клавдийи 2 барои даъвати динӣ дар байни ҷавонон ба қатл маҳкум шуд.

Рӯзи қатли ӯ -- 14-уми феврал дертар аз тарафи калисои масеҳӣ қонунӣ гардид. Бо мурури солҳо саргузашти Валентин ба устураи ишқ табдил ёфт. Бино бар яке аз ривоятҳо император Клавдий шахсе унвон мешавад, ки намехост, сарбозонаш оиладор шаванд, зеро он гоҳ хуб нахоҳанд ҷангид ва Валентин, баръакс ба ошиқон дилсӯзӣ мекарду ба таври пинҳонӣ издивоҷи онҳоро созмон медод.

Дар соли ҷорӣ дар рӯзи 14 феврал дар Узбакистон Рӯзи Бобур эълон шуда ва дар ин рӯз дар иртибот ба 533 солагии Заҳириддин Муҳаммад Бобур, шоир, маорифпарвар, сарлашкар ва ходими давлатии даврони темуриён тадобири ҷашнӣ баргузор мешавад.

Дар хабари торнамои Сафорати Узбакистон дар Бишкек омадааст: "Маҷмӯъаи ашъори "Девони Кобул", "Девони Ҳинд" ва ёддошти "Бобурнома" ба забонҳои мухталифи дунё тарҷума ва чоп шуда, дар ташаккули адабиёту ҳунари узбак нақши боризе дорад. Осори илмии Бобур дар бораи ҷуғрофия, этнография ва табиати асрҳои XV- авоили XVI маълумоти ҳамаҷониба медиҳад".

Заҳириддин Муҳаммад Бобур, шоҳзодаи темурӣ ва бунёдгузори империяи Бобуриҳо дар соли 1483 дар Андиҷон ба дунё омада ва дар соли 1526 дар Ҳиндустон давлати Бобуриҳоро таъсис додааст.