Ансор Зайниддинов, сокини 28-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ба ҷурми ҷалби сокинон ба саффи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба 11,5 соли зиндон маҳкум шуд. Суннатӣ Иброҳимзода, додраси Додгоҳи ноҳияи Фархор, рӯзи 12 феврал, ҳангоми қироати ҳукми Ансор гуфт, ки ӯ бар асоси қисми 1-и моддаи 401-и Кодекси ҷиноӣ, яъне "зархаридӣ" равонаи зиндон шудааст ва муҳлати ҷазояшро дар зиндони низомаш сангин паси сар хоҳад кард.
Бар асоси ин моддаи Кодекси ҷиноӣ, "ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин, истифодаи онҳо дар задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад." Аммо рӯзи
гузашта намояндаи додситонӣ барои ин сокини ҷавони Фархор 14 соли зиндон хоста буд.
Дар мурофиаи додгоҳӣ Ансор Зайниддинов ба ҳайси мубаллиғи гурӯҳи “Давлати исломӣ” муаррифӣ шуд. Ба қавли тафтишот, ӯ дар Русия ҳузур дошта, дар ҷалби сокинон ба ин гурӯҳи террористӣ саҳм мегирифтааст.
Ин сокини ноҳияи Фархор моҳи августи соли гузашта ҳангоми бозгашт аз Русия аз сӯи нерӯҳои интизомии Тоҷикистон боздошт шудааст. Матлуба Зайниддинова, хоҳари Ансор, рӯзи 12 феврал дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки бародараш иттиҳомоти мақомотро рад кардааст ва онҳо барои бознигарии ҳукми ӯ талоши худро хоҳанд кард.
Бино ба иттилои расмӣ дар Русия ҳудуди 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд.
Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 60 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.
Тоҷикистон дар охирҳои соли гузашта эълон кард, рӯйхати шаҳрвандонеро, ки таҳти пайгард қарор дошта, иддае аз онҳо дар майдонҳои ҷанг дар Сурия низ ҳастанд, ба мақомоти интизомии Русия хоҳад супурд. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ он вақт гуфта буд, дар пайи ҳамлаҳои Русия дар Сурия бархе аз ҷангиён аз роҳҳои гуногун қасди бозгашт ба ватанро доранд ва ба эҳтимоли зиёд қисме аз онҳо дар ҳудуди Русия паноҳ хоҳанд бурд.