Дар бемористони Миминеи Анкара, пойтахти Туркия, ба табобати Резагул ном зани афғоне, ки шавҳараш моҳи гузашта бинии ӯро бурида буд, оғоз кардаанд. Табибон мегӯянд, барои барқарор кардани бинии Резагул анҷоми як силсила ҷарроҳиҳо лозиманд, ки тақрибан 4 ҳафтаро дар бар мегирад.
Резагул, сокини 20-солаи улусволии Ғурмочи вилояти Форёби Афғонистон мегӯяд, шавҳараш барои бидуни иҷозат аз хона берун шуданаш бинии ӯро бурид ва вайро дар як дашт партофта, фирор кард. Ин ҳодиса дар ин минтақаи дурдасти таҳти назорати ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 17 январ рух дода буд.
Самунавол Саидоқо Андаробӣ, қумондони амниятии вилояти Форёб ба Озодӣ гуфта буд, “бинии Резагули 20-сола бинти Ахтар Муҳаммад, бошандаи деҳаи Шаршари вулусволии Ғурмочро соати 4-и баъд аз зӯҳри 17 январ шавҳараш Муҳаммадхон валади Абдулсалом, ки синнаш 25 сол мебошад, бо корд бурида, аз маҳал фирор кардааст. Баъдан хонаводаи Резагул ӯро ба бемористони вулусволии Ғурмоч ва сипас ба шифохонаи вилоятии Маймана интиқол медиҳанд.”
Ин ҳамлаи ваҳшиёна мавҷи маҳкумиятҳои байналмилалиро ба бор овард ва мояи афзоиши нигарониҳо дар бораи хушунати хонаводагӣ дар Афғонистон шуд.
Резагул ҳафтаи гузашта дар бемористони Анкара ба хабарнигорон гуфт, ки ӯро ҳанӯз дар овони наврасӣ маҷбуран ба шавҳар дода буданд ва ӯ тайи ҳамаи 6 соли издивоҷаш ҳамеша таҳти хушунати хонаводагӣ қарор дошт. Ӯ гуфт, “падару модари ман бидуни онки маро хабардор кунанд, маро ба ин мард ба шавҳар доданд. Онҳо мегуфтанд, ин тибқи дини Ислом аст ва ӯ як марди мусалмон буда, интихоби хубе барои туст.”
Резагулро бо бинии бурида танҳо баъди як рӯзи он ҳодиса, вақте ки хуни зиёдашро аз даст дода буд, ба бемористони Маймана бурданд. Баъдан ӯро барои табобат ба Кобул ва аз он ҷо ба Туркия интиқол доданд, чунки анҷоми чунин ҷарроҳиҳо дар худи Афғонистон имкон надорад.
Ҷарроҳи турк Рамазон Эркин мегӯяд, табибон дар байни аз 3 то 4 ҳафта метавонанд бинии Резагулро барқарор кунанд: “Бинии мариз пурра бурида шудааст. Устухону рагҳо ва бофтаҳои бинии ӯ аз байн рафтаанд. Вале мо метавонем аз тариқи ҷарроҳӣ бинии вайро барқарор кунем. Барои ин мо бояд як силсила ҷарроҳиҳоро анҷом диҳем.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пулис мегӯяд, то ҳол шавҳари Резагулро пайдо накардааст. Хешовандони Резагулро, ки ӯро дар Туркия ҳамроҳӣ мекунанд, мегӯянд, ки ӯ то замоне ки мақомоти афғон ҳимояти комилашро замонат надиҳанд, ба Афғонистон баргаштанӣ нест.
Буридани бинӣ дар бархе манотиқи Афғонистон як навъ муҷозоти анъанавӣ барои онҳоест, ки ба қавле, ба обрӯи хонавода “иснод” меоранд.
Хушунат алайҳи занон дар Афғонистон як падидаи фарогир буда, дар бисёри маворид омилони он беҷазо мемонанд.
Рӯзи 5 феврал як зан дар як рустои таҳти назорати Толибон дар вилояти Ғур бо ҷурми хиёнат ба шавҳар кушта шуд. Мақомоти Ғур мегӯянд, ин зан бо номи Заҳро аз сӯи ба номи “додгоҳ”-и Толибон маҳкум ба қатл шуда буд. Волии улусволӣ гуфт, Заҳроро худи шавҳараш, ки ҳамсари худро ба алоқаи ғайримашрӯъ айбдор мекард, паррондааст.
Моҳи октябр дар ҳамин вилояти Ғур як зани ҷавони 19-соларо низ бо ҷурми хиёнат қатл карданд. Дар видеое, ки шоҳидон ба навор гирифтаанд, дида мешуд, ки ин зан бо номи Рухшонаро дар як як чуқурии монанд ба қабр андохтаанд ва издиҳоми истода дар атроф ба сӯяш санг меандохтанд. Мақомот мегӯянд, Рухшонаро ҳамроҳи марди дӯстдоштааш дастгир кардаанд, вале он мард танҳо бо зарби шаллоқ халос хӯрдааст. Дар робита ба сангсори Рухшона то имрӯз танҳо як нафар дастгир шудааст.