Додситонӣ: Ҷудо кардани Умаралӣ аз модараш қонуншиканӣ набуд

Додситонии Санкт-Петербург дар посух ба номаи ду вакили маҷлиси ин шаҳр гуфтааст, ки ниҳодҳои интизомӣ бо ҷудо кардани Умаралии панҷмоҳа аз модараш ягон қонунро нақз накардаанд.

Додситонии Санкт-Петербург бар асоси дархости Борис Вишневский ва Александр Корбинский - вакилони маҷлиси ин шаҳр ба амалкарди кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират дар робита ба марги Умаралӣ Назарови панҷмоҳа баҳои ҳуқуқӣ додааст.

Бар асоси посухе, ки ба вакилони маҷлис ирсол шудааст ва онро сомонаи Life78 рӯзи 2 феврал чоп кард, Зарина Юнусова - модари Умаралӣ барои пешниҳод накардани ҳуҷҷати тифлаш ба кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷират муттаҳам мешавад. Масъулони додситонии Санкт-Петербург гуфтаанд, ки ҳамин пешниҳод накардани ҳуҷҷат боис шудааст, то Умаралӣ аз модараш ҷудо карда шуда, ба шуъбаи пулис интиқол ёбад.

"Кормандони хадамоти федеролии муҳоҷират Умаралии панҷмоҳаро барои муайян кардани шахсияташ ба шӯъбаи пулис бурдаанд. Пулис дар навбати худ ин кӯдаки ширхорро ба унвони "кӯдаки партофташуда" ба муассисаи тиббӣ фиристодааст," -- гуфта шудааст дар номаи намояндагони додситонӣ.

Зарина Юнусова

​Додситонии Санкт-Петербург мегӯяд, инчунин, мушаххас кардааст, ки баъдан модаркалони Умаралӣ асноди заруриро дар бораи ин кӯдаки тоҷик ба шӯъбаи умури ноболиғон супурдааст.

Ба далели он ки парвандаи марги Умаралиро шӯъбаи бозрасии ноҳияи Нева тибқи моддаи "Аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" анҷом медиҳад, додситонӣ аз арзёбии амали кормандони бемористони рақами 5-и шаҳри Санкт-Петербург худдорӣ кардааст. Вале намояндаи маҷлиси Санкт-Петербург Борис Вишневский мегӯяд, далелҳо дар посухи додситонӣ дуруст набуда, афроди муқассирро дар марги кӯдаке, ки зӯран аз модараш ҷудо кардаанд, марҳила ба марҳила аз масъулият хориҷ мекунад. Ӯ гуфтааст, аз болои ин посух ба додгоҳ шикоят хоҳад бурд.

Зарина Юнусова, модари Умаралӣ, шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Пикет дар Олмон

Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ин гуна таҳаввулот ба гуфтаи онҳо дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид.

Марги мармузи ин кӯдак якҷоя бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

Аммо бо гузашти тақрибан чор моҳ аз ин ҳодиса ҳанӯз омилони марги Умаралӣ мушаххас ва ба додгоҳ кашида нашудаанд. Ҳоло модари ӯ Зарина дар хонаи волидонаш дар Оби Гарми Тоҷикистон ба сар мебарад ва падараш Рустам Назаров ҳанӯз дар Русия аст. Қаблан мақомоти Санкт-Петербург Рустам Назров ва модару додаронашро аз манзилашон берун карда, хонаи иҷораи онҳоро барои зиндагӣ мувофиқ надонистанд.