Мухолифон дар Женева бо ҳайати Димишқ рӯ ба рӯ нахоҳанд шуд

Ҳайати иборат аз гурӯҳҳои асосии мухолифи ҳукумати Сурия ё Кумитаи олии музокирот ба хотири ширкат дар гуфтушуниди таҳти сарпарастии СММ шоми шанбе вориди Женева шуд.

Қарор аст, ки ҳайат рӯзи якшанбе, 31 январ бо фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура мулоқот кунад. Аз ин пеш намояндаи ҳайати Кумитаи олии музокирот Салим ал-Муслат изҳор намуд, ки онҳо барои муваффақ шудани гуфтушунид талош хоҳанд кард.

Мухолифин барои ширкат дар музокироти Женева оид ба хатми низоъ дар Сурия фақат рӯзи ҷумъа, 29 январ розӣ шуданд ва аммо шарт гузоштанд, ки фақат бо дипломатҳои СММ гуфтугӯ хоҳанд кард ва бо намояндагони ҳукумати Башор Асад ягон хел тамос нахоҳанд дошт. Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи олии музокирот онҳо фақат дар ҳоле ба гуфтушунид бо Димишқ ҳамроҳ мешаванд, ки ҳукумати Сурия қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милалро иҷро кунад ва аз муҳосираи шаҳрҳо даст бардошта интиқоли кӯмаки башарӣ ба мардуми ин шаҳрҳоро таъмин намояд.

Қатъномаи Шӯрои амнияти СММ, ки моҳи гузашта пазируфта шуд, тақозо дорад, ки ҷонибҳо ба интиқоли кӯмаки башарӣ ба шаҳрҳои муҳосирашуда иҷоза диҳанд, маҳбусонро озод кунанд ва аз ҳамла ба муассисаҳои ғайринизомӣ ва манотиқи аҳолинишин пурра даст бардоранд. .

Стаффан де Мистура дар мулоқот бо ҳайати ҳукумати Сурия дар музокироти Женева

Аз ин пеш Стаффан де Мистура гуфта буд, дар музокирот аввал ба рӯи имкони оташбаси густурда ва афзоиши кӯмаки башарӣ ба манотиқи дар муҳосирамонда ва сипас рӯи таҳияи Қонуни асосӣ ва интихоботи оянда дар Сурия тамаркӯз хоҳад шуд.

Бар пояи иттилои ахир, қарор аст, ки дар гуфтушуниди Женева раҳоии маҳбусон ва мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” низ баҳсу баррасӣ шавад. Як дипломати СММ гуфт, ба ҳар сурат оташбасу мусолиҳа аз ҳадафҳои асосии музокироти Женева аст. Мусолиҳа мушаххас кардани марҳалаи гузаришро дар назар дорад, ки бар пояи қатъномаи Шӯрои амнияти СММ бояд бо интихоботи сартосарӣ дар Сурия поён ёбад.

Вазири умури хориҷии русия Сергей Лавров ва ҳамтои амрикоияш Ҷон Керрӣ рӯзе пеш дар як сӯҳбати телефонӣ тасмим гирифтанд, ки натоиҷи музокироти Женеваро рӯзи 11 феврал дар чаҳорчӯби нишасти байнулмилалӣ дар шаҳри Мюнхен баррасӣ кунанд.

СММ то ҳол дар бораи он ки ба музокироти Женева кадом гурӯҳҳои мухолифин даъват шудаанд, иттилоъ надодааст. Аммо маълум аст, ки гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ва Ҷабҳаи Ан-Нусра, як гурӯҳи вобаста ба шабакаи Ал-Қоида, дар музокирот ширкат надоранд.

Ширкати курдҳои Сурия дар гуфтушунид низ ба мушкил мувоҷеҳ шуд. Бино ба иттилои як мансабдори курд, намояндагони бузургтарин гурӯҳи курдҳои Сурия – Ҳизби Иттиҳоди демократӣ (PYD) рӯзи 30 январ Женеваро тарк намуданд. Туркия ин ҳизбро ба феҳристи гурӯҳҳои террористӣ шомил кардааст, Кумитаи олии музокирот бошад онро "ниҳоди хело наздик ба ҳукумати Сурия" мехонад.

Гуфтушуниди қаблӣ моҳи феврали соли 2014 баъд аз ду давраи ноком қатъ шуда буд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, ки панҷ сол боз идома дорад, беш аз 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 миллион нафар манзилҳои худро тарк намуданд ва дар кишварҳои гуногуни олам панаҳ бурданд.