Ба номаҳои Клинтон мӯҳри "комилан махфӣ" заданд

Ситоди пешазинтихоботии Ҳиллларӣ Клинтон тасмими вазорати умури хориҷаи ИМА барои манъи нашри баъзе аз номаҳои ӯро маҳкум кард.

Брайан Фаллон, сухангӯи Клинтон, рӯзи 30 январ изҳор намуд, ки мақомот бояд ин номаҳоро нашр мекарданд. Аз ин пеш вазорат хабар дод, ки ба дасти кам 22 номаи электронии аз сервери шахсӣ фиристодаи Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии кишвар, хадамоти кашф мӯҳри “комилан махфӣ” задаанд.

Соли гузашта хонум Клинтон ҳама мукотибаи худ – тақрибан 55 ҳазор номаи электрониро дар ихтиёри вазорати умури хориҷа гузошта буд. Баъзе аз ин номаҳо нашр шуданд. Қарор буд, ки рӯзи 29 январ як бахши дигари номаҳои электронии Ҳилларӣ Клинтон нашр шаванд, аммо маълум шуд, ки ошкор кардани мӯҳтавои баъзе онҳо аз нигоҳи амниятӣ номумкин аст.

Як намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 30 январ гуфт, 22 санади иборат аз 37 саҳифа “он қадар ҳассосанд”, ки нашри онҳо ҳатто дар шакли таҳрирхӯрда имкон надорад. 18 номаи дигар гуфтугӯи хусусии хонум Клинтон бо раисиҷумҳур Барак Обама ҳам нашр нахоҳанд шуд, ҳарчанд дар онҳо ягон иттилои сиррӣ мавҷуд нест, афзуд намояндаи вазорат.

Моҷарои истифодаи сервери шахсӣ барои интиқоли номаҳои расмӣ аз сӯи Ҳилларӣ Клинтон тамоми давраи талошҳои ӯ барои дарёфти номзадии Ҳизби демократ дар интихоботи президентии ИМА идома дорад. Бар пояи меъёрҳои амниятӣ, хонум Клинтон барои ирсоли ин номаҳо бояд фақат аз сервери давлатӣ истифода мекард. Қаблан ӯ барои ин кораш расман узрхоҳӣ карда буд.

Иттилои ахир ҳамагӣ як рӯз пеш аз нахустин раъйдиҳӣ ба номзадҳо ба мақоми президентӣ дар аёлати Айова нашр шуд.

Раиси Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳон Рейнс Прибус изҳор намуд, ки аз сӯи хонум Клинтон истифода шудани сервери хусусӣ амнияти миллӣ ва кӯшишҳои дипломатиро зери хатар гузоштааст.

Ҳилларӣ Клинтон аз довталабонии асосии курсии раисиҷумҳури ИМА аз ҳизби демократ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон маҳсуб мешавад.