Бемасъулиятӣ то ба Сурия мебарад?

Акс аз бойгонӣ.

Мақомот мегӯянд, ки ҳадафи тағйирот ба қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав аз тариқи шабакаҳои интернетист..

Нурмад, як сокини шаҳри Душанбе иқрор мекунад, ки барои назорати ду писари мактабхонаш на вақт дорад ва на хоҳишу ҳавсала. Аз сари субҳ то шаб фақат дар фикри ёфтани як бурда нонем, на шанбе мегӯему на якшанбе, чӣ гуна барои назорат вақт меёбӣ, меӯяд ӯ. Ба гуфтаи Нурмад, онҳо дар хона интернет надоранд, аммо медонад, ки ҳарду писараш ба интернет-кафе мераванд ва баъзан ҳатто дертар аз ӯ ба хона меоянд. Он ҷо ягон бозӣ мекунанд ё ягон кино тамошо мекунанд ё кори дигаре мекунанд намедонам, меафзояд мусоҳиби мо.

Раҳмон Ҷӯра, дигар сокини пойтахт, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳаросе барои ба гурӯҳҳои тундрав ҳамроҳ шудани ягона духтарашро надорад, зеро ӯ муштоқи мутолиа ва омӯзиши фанҳои дақиқ аст. Мусоҳиби мо пайваста чӣ хондани духтараш дар интернетро назорат мекунад ва аммо ба хотири он ки аз ворид шуданаш ба саҳифаҳои порнографӣ ҷилавгирӣ кунад.

Вақте мо бо ин ду сокини Душанбе сӯҳбат мекардем, онҳо ҳанӯз намедонистанд, ки волидайн дар Тоҷикистон муваззаф шуданд то истифодаи интернет аз сӯи фарзандонашонро назорат кунанд. Тағйирот дар ин бора ба "Қонун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" ахиран аз сӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон пазируфта шуд. Ба гуфтаи муаллифон, ҳадафи асосӣ аз тағйирот ба қонун - ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав аз тариқи шабакаҳои интернетист.

Фатҳиддин Исмонов, муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар иҷлосияи парлумон, аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе наврасону ҷавонон аз интернет иттилои “манфӣ” ва "зараровар" дастрас мекунанд.

Баъзе сомонаҳо воситае барои ба созмону гурӯҳҳои террористӣ пайвастани ҷавонон мегардад, таъкид намуд ӯ: Ба гуфтаи мансабдори тоҷик, тағйирот имкон медиҳад, то волидайн аз операторон ва ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет ба таври ройгон маълумотро дар робита ба он ки фарзандони онҳо кадом сомонаҳоро истифода мекунанд, дастрас намоянд.

Дар ҷангҳои Сурия тақрибан 900 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон ширкат доранд

Аз ин пеш мақомоти Тоҷикистон борҳо таъкид карда буданд, ки теъдоди зиёде аз ҷавонони тоҷик тавассути шабакаҳои интернетӣ ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастанд. Бино ба иттилои расмӣ, ҳудуди 900 шаҳрванди тоҷик дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла, “Давлати исломӣ” меҷанганд. Гуфта мешавад, ки дар ҷангҳо тақрибан 150 тан аз ситезаҷӯёни тоҷик кушта шудаанд.

Бар пояи гузоришҳо, ҷавонони тоҷик асосан аз Русия ба ҷангҳои Ховари Миёна мераванд, зеро дар худи Русия пайдо кардани маблағи барои таъмини хонавода мушкил шудааст, эмиссарҳои “Давлати исломӣ” бошанд ба онҳо пули хуб ваъда мекунанд. Аммо мақомоти Тоҷикистон мутмаинанд, ки афкори иддае аз ҷавонон ҳанӯз дар худи кишвар – дар масҷидҳо ва дар интернет-кафеҳо ба истилоҳ “заҳролуд” мешаванд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳам дар маҷлиси васеи ҳукумати кишвар, сомонаҳои интернетиро дар баробари масҷидҳо яке аз маконҳои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ номид.

Бемасъулиятии волидайн, адами шароити ҷалби ҷавонон ба варзиш ва фаъолиятҳои фарҳангӣ, мушкилиҳли дар бахшҳои маорифу тандурустӣ, аз нигоҳи раисиҷумҳур, дигару сабабу омилҳои гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундраванд. Раванди ба гурӯҳҳои тундгаро пайвастани ҷавонон рӯ ба афзоиш аст, ба вижа, Душанбеву Хуҷанд. Исфараву Истаравшан, Кӯлоб, Шаҳритус, Бохтар ва ноҳияҳои тобеи марказ, таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Асомиддин Атоев

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани ширкатҳои фароҳамкунандаи Интернет дар Тоҷикистон, мегӯяд, аз сӯи ширкатҳои интернетӣ ба волидайн ироа кардани маълумот дар робита ба он ки фарзандонашон кадом сомонаҳоро истифода мекунанд, аз ҷиҳати фаннӣ мушкиле надорад.

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи ӯ, ду сол пеш Ойинномаи шаҳрванди электронӣ таҳия шуда буд, ки дар он волидайн муваззаф шуданд, ки аз болои истифодаи интернет аз тарафи фарзандонашон назорат кунанд:

Аммо назорат аз болои наврасону ҷавонон дар интернет-кафеҳо мушкилтар хоҳад шуд, ҳарчанд ба гуфтаи Асомуддин Атоев, соҳибони интернет-кафеҳо ҳақ доранд барои муштариҳо вуруд ба саҳифаҳои гурӯҳҳои тундравро манъ кунанд:

Нуриддин Қаршибоев

Дар ҳамин ҳол Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон аз он нигарон аст, ки шояд тағйирот ба қонун боз як васила барои бастану маҳдудсозии баъзе сомонаҳои интернетӣ шавад. Се моҳ пеш баъди вуруди тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, мақомоти интизомии Тоҷикистон ҳаққи қонунии қатъи иртиботи телефонӣ ва Интернет дар рӯзҳои баргузории амалиёти зиддитеррористиро ба даст оварданд.

Аз нигоҳи Нуриддин Қаршибоев, осонтарин кор шояд он аст, ки ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет бо истифода аз таҷрибаи дигар кишварҳо ва бо гузоштани филтр аз боз шудани матлабҳо дар бораи тероризму тундгароӣ ҷилавгирӣ кунанд. Ба ҷойи ин корро кардан онҳо сайтҳоро пурра мебанданд ё мегӯянд, ки Ютуб даркор нест, меафзояд ӯ. Мусоҳиби мо аз сафари ахираш ба Ҳиндустон ёдовар шуд, ки он ҷо ҳам мавзӯи терроризму тундгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ матраҳ аст. Дар ҳама ҷой дар Ҳиндустон интернет аст, аммо интернеташ "филтр" дорад ва ин таҷрибаро дар Тоҷикистон ҳам метавон роҳандозӣ кард, мегӯяд Нуриддин Қаршибоев. Мусоҳиби дигари мо Раҳмон Ҷӯра исрор дорад, ки бояд ширкатҳои интернетӣ на фақат саҳифаҳои гурӯҳҳои тундрав, балки ҳама он саҳифаҳоеро ҳам банданд, ки дар онҳо порнография ва фисқу фуҷур тарғиб мешавад ё филмҳои фаҳшро намоиш медиҳанд.

Аз сӯи дигар ҳукумат бояд бештар сари он андеша кунад, чӣ гуна метавон заминаҳои иҷтимоии ба гурӯҳҳои тундрав пайвастани ҷавононро аз байн бурд. Ба гуфтаи раиси НАНСМИТ, бо қабули қонунҳо заминаҳои иҷтимоии пайвастан ба гурӯҳҳои тундрав барҳам намехӯранд ва ҳукумат бояд сари иқтисодиёту иҷтимоиёт биандешад, ҷойи кор муҳайё кунад.

Агар наврасон имкон дошта бошанд, ки баъд аз дарс як-ду соат ба варзиш машғул шавад ё чун солҳои пеш дар маҳфилҳои ҳархелаи мактабӣ иштирок кунад, баъдан ба интернет ҳам дарояд, чиди зарурияшро мекобад, мутмаин аст мусоҳиби мо.

Қонун "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд" баъди баҳсу баррасиҳои зиёд моҳи июли соли 2011 ба тасвиб расид. Аммо то ҳол пажуҳише анҷом нашудааст, ки ин санад то куҷо барои ҷомеъаи Тоҷикистон зарур ва нуктаҳояш дар рушди насли наврас муассир буд.