Зебоиҳои Бадахшон дар 18 акс
Парвоз то Хоруғ кори осон нест. Хурдтарин тағйири обу ҳаво боиси таъхири парвозҳо мешавад. Аз ин рӯ, бояд барои парвоз бо ҳавопаймои хурди АН-28 пешакӣ чипта харида намешавад. Бояд навбат поид ва сипас мунтазири ҳавои мусоид нишаст.
Фурудгоҳи хурд, вале тозаву меҳмоннавози Хоруғ
Манзараи дарёи Панҷ аз тирезаи хонаи ҳанӯз нимасохт.
Қаҳвахонаи қирғизии "Жаман-Тал" дар Хоруғ. Дар ноҳияи Мурғоби Бадахшон асосан қирғизҳо зиндагӣ мекунанд.
Ҷавоне бо тоқии бадахшӣ дар даромадгоҳи чойхонаи воқеъ дар боғи марказии Хоруғ.
Яке аз кӯчаҳои Хоруғ дар наздикии маҳаллае, ки худи сокинони маркази маъмурии Бадахшон " Пориси хурд" номаш кардаанд. Сокинони Хоруғ тавре ба назар мерасад, ба англисӣ хубтар ҳарф мезананд, то ба русӣ.
Мардҳо дар кӯчаҳои Бадахшон бештар ба аҳли Итолиё мемонанд, то ба намояндагони Осиёи Марказӣ. Бадахшон дар асри 19 арсаи рақобати Русияву Бритониё буд. Бадахшонро ҳатто гаҳвораи тамаддуни Аврупо низ ном мебаранд.
Доираҳои бадахшӣ дар манзили навозандаи маъруф Шанбе Мамадаминов. Шанбе дар маркази фарҳангии исмоилиҳо дар канори Хоруғ тамрин мекунад. Мусиқӣ дар ҳаёти пайравони мазҳаби исмоилия нақши муҳим дорад. Рамазон ва дигар идҳои мазҳабии онҳо ҳамроҳ бо таронаву тарқ таҷлил мешаванд.
Коргардон ва продюсери мустақил Толик Гадомамадов.Ӯ бо фимлҳои мустанадаш дар бораи анъанаҳои нодири сокинони рустоҳои дурдасти Помир маъруф аст. Филми “В капле воды – весь мир”- и Толик Гадомамадов дар ҷашнвораи Уфа дар поёни соли 2015 сазовори ҷоизаи вижа барои инъикоси оинҳои мардумӣ шуд.
Духтари заргар ҳангоми кор. Бадахшон бо лаълҳои хеле зебояш маъруф аст, вале дар умқи кӯҳҳои он даҳҳо навъи дигари сангҳои қиматбаҳо низ маҳфузанд ва заргарони маҳаллӣ бо ҳамин сангҳо кор мекунанд.
Намунаҳои кори заргарони Бадахшон
Шараф Шерзад Мулло Абдол шахсияти дар Тоҷикистон соҳибэҳтиромест. Асосан бо шарофати ширкати сайёҳиаш “Pamir Silk Travel Co”, забони хуш ва сӯҳбати хубаш бо забони англисӣ. Ӯ дар Донишгоҳи Осиёи Марказии Хоруғ аз фанни туризм дарс медиҳад.
Купруки овезон дар роҳи Хоруғ -Мурғоб
Манзили маъмулии оилаи бадахшӣ. Хонаҳои бадахшӣ ба ҷои тиреза дар сақфи хона равзана доранд. Худи ҳуҷра иборат аз 5 сутун аст, ки аз фарҳанги ориёиву буддоӣ маншаъ мегирад.
Акси хонаводагӣ дар девори манзил. Помириҳо ҳамагӣ 3 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, вале Бадахшон танҳо вилоятест, ки аксари аҳолиаш пайрави мазҳаби исмоилианд. Раҳбари рӯҳонии онҳо Оғохони 4 мебошад.
Ошпази осоишгоҳи Ҷиландӣ дар роҳи Хоруғ - Мурғоб
Замини кишт дар Аличӯр
Маркази исмоилиҳо дар Душанбе. Чунин марокизи фарҳангии исмоилиҳо дар Лондон, Ванкувер, Торонто ва Дубай низ сохта шудаанд.