Назари вакилони парлумон ба паёми президент
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми ироаи паёми имсолааш ба ду палатаи парлумони кишвар хабар дод, ки аз якуми июл маош ва нафақаи сокинон боло бурда хоҳад шуд. Ӯ гуфт, барои иҷрои ин тасмим дар як сол аз буҷаи кишвар 1 миллиарду 323 миллион сомонӣ ҷудо мегардад.