Умар Абдуллоев ва 92 маҳбуси дигар дар Гуантанамо мондаанд

Акси Умар Абдуллоев

Амрико эълон кард, ки дар Гуантанамо 93 маҳбус, аз ҷумла як шаҳрванди Тоҷикистон бо номи Умар Абдуллоев боқӣ мондаанд. Ин шаҳрванди Тоҷикистон қаблан хоста буд, ки ӯро ба ватан нафиристанд.

Қасри Сафед мегӯяд, ки дар давраи раёсати Барак Обама шумораи маҳбусони Гуантанамо аз 242 то 93 нафар коҳиш ёфтааст. ​Ҷош Эрнест, сухангӯи Қасри Сафед, рӯзи 14 январ ба хабарнигорон гуфт, ин қадами муҳим барои бастани ин зиндон аст.

Ӯ афзуд, қарори интиқоли 34 маҳбуси дигар аз тарафи шӯрои нозир тасдиқ шудааст ва "ҳоло ҷустуҷӯи макони муносиб барои интиқоли онҳо ҷараён дорад".

Дар ин зиндони Амрико, воқеъ дар Куба, баъд аз соли 2001 ва дар аҳди Ҷорҷ Буш 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ нигаҳдорӣ мешуданд, ки дар Афғонистон ва ҳангоми ҷанг бар зидди Толибон боздошт шудаанд. Даҳ нафари онҳо алакай дар ин зиндон нестанд. Умар Абдуллоев, охирин тоҷики Гуантанамо аз маъмурияти зиндон талаб карда буд, ӯро ба Тоҷикистон нафиристанд, зеро хавф дорад, ки дар ватан аз нав ҳабс хоҳад шуд.

Соли гузашта Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо Амрикоро барои ба Тоҷикистон фиристодани чанде аз бандиёни собиқи Гуантанамо танқид кард. Ин созмон гуфт, ки баъди интиқол ба Тоҷикистон додгоҳ ҳадди ақалл се бандии собиқи Гуантанаморо ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар Гуантанамо 93 маҳбус ва аз ҷумла як тоҷик боқӣ мондааст