Давлат Чолов ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастааст
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Давлат Чолов, як узви хонаводаи маъруфи Чоловҳо дар шаҳри Кӯлоб, ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” шомил шудааст. Дар ин бора Абдуқодир Мирзозода, муовини сардори Раёсати корҳои дохилии Кӯлоб, рӯзи 14 январ дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.