CASA-1000: Дурнамо ва мушкилоти ин тарҳ

Дар ҳафтаи оянда дар Душанбе дурнамои иҷрои тарҳи хати интиқоли неруи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон (CASA-1000) баррасӣ хоҳад шуд.

Интизор меравад, фардо 11 январ Хоҷа Муҳаммад Осиф, вазири захоири обу энерҷии Покистон дар раъси як ҳайати ин кишвар вориди Душанбе шавад. Ин ҳайат дар ҷаласаи гурӯҳи муштараки корӣ оид ба энерҷӣ ва инфрасохтор ширкат карда ва дар поёни ҳамоиш протоколе имзо хоҳад шуд.

Дар ҷараёни сафари дурӯзааш ҷаноби Осиф бо мақомоти ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон мулоқот ва аз неругоҳи Норак дидан хоҳад кард.

Ба гуфтаи Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, дурнамои иҷрои тарҳи CASA-1000, ки ҳазинааш беш аз 1 миллиард доллар арзёбӣ шуда ва аз ҷониби Амрико пуштибонӣ мегардад, аз мавзӯъи аслӣ дар ин мулоқот маҳсуб мешавад.

Дар моҳи ноябри соли гузашта Душанбе ва Исломобод эълон доштанд, ки иҷрои ин тарҳ дар баҳори соли 2016 оғоз хоҳад шуд.

25 ноябри соли гузашта вузарои энерҷии Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар Туркия созишномаи ниҳоии тарҳи CASA-1000-ро имзо карданд, ки тибқи он қарор аст, ду кишвари Осиёи Марказӣ ба Афғонистону Покистон солиёна ба миқдори 1300 мегаватт неруи барқ содир кунанд.

Ҷаноби Ҷононов гуфт, дар чорчӯби ин тарҳ Тоҷикистон имкон дорад дар соли 2018 ба Покистон ба миқдори 1000 мегаватт неруи барқ диҳад. Саҳми Қирғизистон дар ин росто 300 мегаваттро ташкил медиҳад.

Дар назар аст, дар марҳилаи аввал хатти баландшиддати 500 киловаттаи интиқоли неруи барқ аз Даткаи Қирғизистон ба Хуҷанди Тоҷикистон (тӯлаш 477 километр) бунёд шуда, сипас сохтмони хатти баландшиддат аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он кишвар ба Покистон, ки тӯлаш 750 километр аст, оғоз шавад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло санади асосноккунии техникию иқтисодии ин тарҳ таҳия шуда, аз моҳи майи соли ҷорӣ корҳои сохтмонӣ дар ин пружа шурӯъ хоҳад шуд.

Зимнан, Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Агентии рушди байналмилалии ИМА (USAID), Вазорати хориҷаи Амрико, Вазорати ҳамкориҳои байналмилалии Британия (DFID), Агентии рушди байналмилалии Австралия (AusAID) ва ниҳодҳои дигари молӣ омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз тарҳи CASA-1000 эълон кардаанд.

Барои иҷрои ин тарҳ Тоҷикистонро лозим аст, ки ба миқдори 320 миллион доллари амрикоӣ сармоя ҷалб кунад. Сармояҳои Қирғизистон 209 миллион, Афғонистон 354 миллион ва Покистон 209 миллион долларро ташкил медиҳанд.

Дар охири моҳи гузашта парлумони Тоҷикистон санадҳои байналмилалии марбут ба ин тарҳро тасдиқ кард. Бино ба гузориши Вазорати молияи Тоҷикистон, барои бунёди қисмати тоҷикистонии ин тарҳ Анҷумани байналмилалии рушд, як сохтори Бонки Ҷаҳонӣ, 45 миллион доллар, Бонки Исломии Рушд 70 миллион доллар, Бонки бозсозию тавсеъаи Аврупо 110 миллион доллар ва Бонки сармоягузории Аврупо 79 миллион доллар ҷудо хоҳанд кард. Саҳми давлати Тоҷикистон 15 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон, дар соли 2020 тарҳи CASA-1000 ба таври комил иҷро шуда ва Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши неруи барқ тавассути ин хат ҳамасола ҳудуди 150 миллион доллар даромад хоҳад гирифт.

Дар ҳамин ҳол, таъмини амният ва фаъолияти муназзами ин хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ аз тариқи қаламрави Афғонистон ҳамчун мушкили ҷиддӣ боқӣ мондааст. Ҳарчанд мақомоти Афғонистон амнияти ин хатти барқро замонат дода ва умедворанд барои транзити ҳар киловат-соати неруи барқ 1,25 сенти амрикоӣ ба даст оранд.

Тоҷикистону Қирғизистон дар фасли сармо ба камбуди неруи барқ мувоҷеҳ буда, аммо неруи барқи изофӣ, ки дар фасли тобистон тавлид мешавад, ба далели камбуди бозор ин ду кишвар наметавонанд ба фурӯш расонанд.

Феълан Тоҷикистон имкон дорад аз моҳи апрел то ноябр ба Афғонистону Қирғизистон ба миқдори 1,3 миллиард киловатт-соат неруи барқро бо арзиши аз 2,5 то 3,7 сентӣ барои 1 киловатт-соат содир кунад.

Ин дар ҳолест, ки дар фасли тобистон ҳудуди 3 миллиард киловатт-соат неруи барқи ин кишвар ба далели камбуди хатти интиқол талаф мешавад.

Гуфта мешавад, дар сурати иҷрои тарҳи CASA-1000 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ роҳ ба бозори энерҷии минтақа боз хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, ду муассисаи таҳқиқотии Ӯзбакистон гуфтаанд, ки бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти ҷуғрофии минтақа барои иҷрои тарҳи CASA-1000 ҳудуди 2 миллиард доллар лозим аст. Ҳамчунин, муҳаққиқони ӯзбак муътақиданд, ки дар пайи рушди иқтисоди Тоҷикистону Қирғизистон тақозо ба неруи барқ дар ин кишварҳо бештар шуда ва ин ду кишвар наметавонанд дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон 6 миллиард киловатт-соат неруи барқ содир кунанд.

Ба эътиқоди коршиносони ӯзбак, танҳо дар сурати бунёди неругоҳҳои Роғуни Тоҷикистон ва Қамбар-Отаи Қирғизистон, ки Тошканд ба сохтмони онҳо ҷиддан мухолифат дорад, интиқоли неруи барқ ба таври муназзам ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ таъмин хоҳад шуд.