Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон 75 соли пеш маҳз дар ҳамин шабу рӯз таъсис ёфта, 58 бастакорони тоҷикро муттаҳид мекунад. Тавре гуфта мешавад 12 нафари оҳангсозонро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки онҳо дар панҷ соли охир узви ин иттифоқ шудаанд.
Қудратулло Ҳикматов, раҳбари Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон, 9-уми январи соли ҷорӣ, дар рӯзи таъсиси ин иттиҳод ба Радиои Озодӣ гуфт, дар 5 соли охир онҳо бештар аз 500 оҳангу асарҳои мусиқӣ эҷод кардаанд, ки аксарашон дар ҷашнҳои сатҳи давлатӣ сароида шуданд.
Қудратулло Ҳикматов, мегӯяд ҳоли ҳозир оҳангсозони ҷавон хело кам ба ин иттиҳод таваҷҷӯҳ дошта, аксари онҳо дар алоҳидагӣ кор мекунанд. Ба мусиқиҳои кишварҳои Ғарб ва эрониву афғонӣ каме тағйирот дароварда ҳамчун молӣ худ онро ба дигар сарояндаҳо мефурӯшанд ва ҳатто ҳаққи муаллифии оҳангсозони дигарро поймол мекунанд.
Ба гуфтаи раиси Иттифоқи компазиторони Тоҷикистон, аз оҳангҳои онҳо шумораи ками сарояндаҳо истифода мекунанд. Эҷодиёти ин иттифоқ мисли солҳои қаблӣ пурхаридор нест. Бинобар ин ҷаноби Қудратов аз он гилоя дорад, ки хонандагони тоҷик қаблан эҷодиёташонро дар ҳамоҳангӣ бо оҳангсозони ҳирфаии иттифоқ таҳия мекарданд. Аммо овозхонони имрӯз “холаҳои ҳамакораанд.” Худашон матну оҳанг менависанд ва баъдан месароянд: “Он таронаҳое, ки имрӯз оҳангсозони ҷавон эҷод мекунанд лаҳзавиянд. Ҳарчанд оҳангсозони ҷавон аз технологияи нав ба хуб огоҳанд, аммо оҳангҳои оригиналӣ, ки солҳои тӯлонӣ дар хотираҳо бимонад, офарида наметавонанд. ”
Ҳарчанд ба қавли раиси Иттифоқи компазиторон, мушкили асосии соҳа дар ҳамкорӣ накардани ҷавонон бо онҳо аст, аммо оҳангсозони ҷавон ин иддаоро рад мекунанд.
Ромизи Парвиз, яке аз оҳангсозони ҷавони тоҷик, ки барои Фаридуни Хуршед, Меҳрнигори Рустам, Муҳаммадрофеъ ва хоҳараш Нозияву даҳҳо сарояндаи тоҷик оҳанг эҷод мекунад, мегӯяд вақте ба Иттифоқи оҳангсозон ва ё устодони касбӣ муроҷиат менамоянд, аммо маъмулан кори онҳоро эътироф намекунанд. Ба ҷойи ҳамкорӣ кардану роҳнамоӣ намуданд, баръакс мегӯянд ин комилан намешавад. Ҳамчунин ба гуфтаи ин оҳангсози ҷавон, барои дурӣ ҷустан аз ҳамкорӣ, устодон надоштани вақтро баҳона пеш меоранд. Ё ба хотири узви иттифоқ набудан, ҳама маҳсули эҷодиёти оҳангсозро хат мезанданд.
Ба қавли Ромиз, фарқ миёни кори бастакорони мустақил ва узвиИттифоқи оҳангсозон танҳо ин аст, ки яке бо нота эҷод мекунад ва дигаре самъӣ. Ромиз мегӯяд, ҳарчанд таҳсилкардаи Консерваторияи миллӣ асту нотаро хуб мефаҳмад, аммо оҳангҳояшро ба нота ворид намекунад. Вале бо Амирбек Мӯсоев ва Шӯҳрат Ашӯров, бастакорони маъруфи тоҷик пайваста ҳамкорӣ дорад.
Ромизи Парвиз мегӯяд: “Сарояндаҳо маъмулан ба оҳангҳои ғарбиву лирика шавқ доранд. Азбаски дар Иттифоқи композиторон оҳангҳои лирикӣ камтар эҷод мекунанд, сарояндаҳо низ ҳамкорӣ камтар мекунанд".
Тавре гуфта мешавад солона ҷавонони зиёд риштаҳои оҳангсозии мактабҳои мусиқӣ ва санъату Консерваторияи Тоҷикистонро хатм карда, аммо давоми панҷ соли оҳир ҳамагӣ 12 нафари онҳо ба узви Иттифоқи композиторон шомил шудаанд. Онҳо маъмулан мутақилона кор мекунанд. Арзиши як оҳанг дар Тоҷикистон аз ҳудуди 1000 доллари амрикоӣ оғоз шуда, то ба се ва ҳатто чаҳор ҳазор доллар мерасад.