Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ, аз мақомоти Эрон барои ҳимояташон аз раҳбарияти ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) интиқод кард. Ӯ гуфт, ки Эрон бо даъвати Муҳиддин Кабирӣ ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" (27-29 декабри 2015) ва дидори Оятуллоҳ Хоманаӣ бо ӯ, ҳимояти ошкорашро аз ин ҳизби мамнӯъ ба намоиш гузоштааст ва ҳеч далел барои худсафедкунӣ надорад.
Абдулқодирзода, ки 1 январ дар мавъизаи пеш аз намози ҷумъа дар масҷиди марказии Душанбе дар ин бора суҳбат мекард, гуфт, "Ҷумҳурии Исломӣ ҳамеша эълон мекард, ки бо Тоҷикистон дӯсту ҳамзабон ва... ҳамфарҳанг аст. Аммо дар он конфронс дидем, ки рӯирост на ба миллати тоҷик ва на ба ҳукумати мо эҳтиром нагузоштанд. Онҳо бо ин амалашон ба мову Шумо ошкор карданд, ки чӣ мехоҳанд."
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раиси Шӯрои уламо ҳамроҳ бо Сулаймон Давлатов – раҳбари Кумитаи дин ва Файзулло Баротзода – раиси Маркази исломшиносии назди президент дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон иштирок дошт ва дар рӯзи аввали ин конфронс ҷойи ӯ дар паҳлӯи Муҳиддин Кабирӣ буд. Рӯзи 31 декабр телевизиони моҳвораии CATV навореро пахш кард, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ ва ҷиянаш – Муҳаммади Кабирӣ бо Сайидмукаррам Абдулқодирзода дар ҳоли "саломуалейк" ҳастанд. Ин дидор хеле кӯтоҳ будааст ва то ҳол маълум нест, ки дар он ҷо чӣ сухане миёни онҳо гуфта шудааст.
Сайидмукаррам Абдулқодирзода 1 январ дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин мавзӯъро наметавонад шарҳ диҳад.
Аммо ӯ дар мавъизаи рӯзи ҷумъааш Муҳиддин Кабириро "хоин" ва Эронро "пуштибони хоинон" ном бурд. Ӯ гуфт, ки "Эрон аз душманони ин миллат, ки 4 сентябри соли 2015 аз дасти онҳо чанд ҷавонмарди тоҷик кушта ва модару хонаи тоҷик ба ғам гирифтор шуд, бепарда ва рӯирост дифоъ мекунад. Мо ҳич вақт бо дигар миллату давлатҳо душманӣ эълон карданӣ нестем, аммо мехоҳем, ки онҳо на бо забон, балки бо дил дӯстӣ варзанд."
Дар ҳамин ҳол, манобеи Озодӣ мегӯянд, ки дар масоҷиди дигари пойтахт ва шаҳрҳои асосии Тоҷикистон баъзе аз имом-хатибон аз Эрон барои роҳ додан ба афроди таҳти пайгарди Тоҷикистон танқид карда, онро хилофи дӯстии ду кишвар номидаанд. Аз ҷумла, имом-хатиби масҷиди маъруф ба номи "Ҷарқишлоқ" дар маҳаллаи 92-юми пойтахт Эронро дар эҷоди фитна муттаҳам кардааст.
Аз ин пеш, вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳуҷҷатулоҳ Фағонӣ - сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кард. Дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷӣ расмӣ гуфт, ки ба сафири Эрон дар робита ба ҳузури Кабирӣ дар ҳамоиши Теҳрон нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистон супурда шудааст.
Рӯзи 28 декабри соли гузашта Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дини Тоҷикистон, дар як баёния бо ишора ба муттаҳам шудани Муҳиддин Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар ошӯби мусаллаҳонаи моҳи сентябр ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода навишт, "Чаро ҷониби Эрон дидаву дониста роҳбари ин ҳизбро, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин конфронс даъват кардааст?" Ин масъули Кумитаи дин афзуд, ки даъвати Кабирӣ суолҳоеро дар бораи то куҷо ба аҳди дӯстиву бародариаш бо Тоҷикистон пойбанд будани Эронро халқ мекунад ва боиси “нигаронии амиқ”-и Душанбе шудааст.
Ҳамоиши 29-уми байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзҳои 27-29 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон баргузор шуд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин нишаст иштироку суханронӣ кард ва расонаҳои Эрон гуфтанд, ки ӯ ба далели мамнӯъ будани ҳизбаш на чун намояндаи Тоҷикистон, балки ҳамчун меҳмони вижа даъват шудааст.
Айни видео дар Ютуб:
Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли гузашта, ду ҳафта баъд аз фурӯ нишондани ошӯби гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода фаъолияти ҲНИТ-ро манъ ва ин ҳизбро ба рӯйхати созмонҳои ифротию террористӣ шомил кард. Эрон то ҳол дар сатҳи расмӣ дар масъалаи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори назар накардааст.
Баъди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ, Эрон дар баробари Русия ва Чин яке аз сармоягузорони муҳими иқтисоди Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба истиснои нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" дар ҷануби Тоҷикистон, Эрон нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб низ сохтааст.