Нотаи Тоҷикистон ба Эрон дар робита ба сафари Кабирӣ

Ҳуҷҷатуллоҳи Фағонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Эрон дар Душанберо даъват карда, аз ҳузури раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29 декабр сафири Эрон дар Душанбе Ҳуҷҷатуллоҳи Фағониро даъват карда, аз ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ибрози таассуф кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи сешанбе бо нашри иттилоияи расмӣ гуфт, ки баъди ба вазорат даъват шудани сафири Эрон ба ӯ нота ё ёддошти ҷониби Тоҷикистон супурда шудааст.

Дар ин ёддошт аз ҷумла гуфта шудааст, "вазорат бо камоли таассуф таъкид мекунад, ки ба конфронс собиқ раиси ҳизби ифротгаро ва террористии наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ низ, ки нисбаташ барои кӯшиши табадулоти давлатӣ ва ғасби ҳокимияти конститутсионӣ дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, айни ҳол дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дорад, даъват шуда буд."

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин амалро ғайри қобили қабул хонда ва қотеъона изҳор кардааст, ки чунин муносибат ба робитаҳои хуби Тоҷикистону Эрон метавонад халал ворид кунад.

Ҳамоиши байналмилалии "Ваҳдати исломӣ" рӯзи 27 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон, пойтахти Эрон, оғоз ёфт. Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон дар канори Сулаймон Давлатов, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва маросимҳои миллӣ, Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломӣ ва Файзулло Баротов, раиси Маркази исломшиносии кишвар дар ин нишаст иштирок ва суханронӣ кард.

Дар аксҳое, ки 27 декабр тавассути расонаҳои Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода паҳлӯи якдигар ҷо гирифтаанд.

Эрон то ҳол дар сатҳи расмӣ дар масъалаи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори назар накарда буд. Бархе аз расонаҳои наздик ба ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар пайи сафари Муҳиддин Кабирӣ ба Теҳрон навиштанд, ин даъвати Эрон баёнгари он аст, ки Теҳрони расмӣ мамнӯияти ҲНИТ-ро қабул накардааст.

Рӯзи гузашта масъулони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ даъвати Муҳиддин Кабириро ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба чолиш кашиданд. Дар иттилоияи расмии Кумитаи дин, ки 28 декабр аз номи Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, ба дасти Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, ин даъвати Эрон "боис ба нигаронии амиқ гардид".

Муҳиддин Кабирӣ, раиси 51-солаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ҳарду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҳизбаш Тоҷикистонро тарк кард ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Мақомоти Душанбе дар моҳи сентябр ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард. Аммо Муҳиддин Кабирӣ даст доштанаш дар ошӯби Назарзодаро рад карда, гуфтааст, ки ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат ва таъқиби раҳбарону фаъолони ин ҳизби мухолиф шудааст.