Интиқоди як мақоми Кумитаи дин аз Эрон барои даъвати Кабирӣ

Иштироки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, дар конфронси "Ваҳдати исломӣ" вокунишҳоеро дар Кумитаи дини кишвар ба бор овардааст.

Мақомоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ даъвати Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ)-ро ба ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" дар Теҳрон ба чолиш кашидаанд. Дар иттилоияи расмии Кумитаи дин, ки рӯзи 28 декабр аз номи Абдуғаффор Юсуфов, сардори Раёсати таҳлил ва ташхиси диншиносии Кумитаи дин, ба дасти Озодӣ расид, гуфта мешавад, ин даъвати Эрон "боис ба нигаронии амиқ гардид".

Дар ҳоле ки, ба қавли Абдуғаффор Юсуфов, Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябри соли равон фаъолияти ин ҳизбро мамнӯъ эълон карда, раҳбарияташ барои ҳамдастӣ ва сармоягузории ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода дар Душанбе ва Ваҳдат муттаҳам мешаванд, Кабирӣ барои ширкат дар ҳамоиши "Ваҳдати исломӣ" даъват шудааст. "Чаро ҷониби Эрон дидаву дониста роҳбари ин ҳизбро, ки бо дархости Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, ба ин конфронс даъват кардааст?" - суол гузоштааст Абдуғаффор Юсуфов.

Ин масъули Кумитаи дин дар идомаи матлабаш аз дӯстиву бародархондагии Тоҷикистону Эрон ёдоварӣ карда ва мегӯяд, "паҳлӯи дигари масъала ин аст, ҷониби Эрон, ки ҳамеша аз Тоҷикистон ба сифати дӯсту бародари ҳамфарҳангу ҳамнажоду ҳамдин ёд мекунад, оё ба мавқеъ ва қонунгузории кишвари бародари худ арҷ ва эҳтиром мегузорад, ё не? Ин мавқеи Эрон – даъвати шахсе, ки бо дархости “кишвари бародар” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад, дар чунин як ҳамоиши сатҳи баланд суолҳои зиёди бидуни посухро дар зеҳнҳо ба вуҷуд меорад. Ё Эрон аз ҳаводиси ибтидои моҳи сентябри Душанбе бехабар буд?"

Дар ҳамоиши “Ваҳдати исломӣ”, ки рӯзи якшанбе дар Теҳрон оғоз шуд, Тоҷикистонро Сулаймон Давлатов - раиси Кумитаи дин, Сайидмукаррам Абдулқодирзода – раҳбари Шӯрои уламо ва Файзулло Баротзода - раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон намояндагӣ мекунанд. Дар баробари онҳо, дар ин конфронс Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ низ иштирок ва суханронӣ кардааст.

Дар аксҳое, ки рӯзи 27 декабр тавассути расонаҳои Эрон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид, Муҳиддин Кабирӣ ва Сайидмукаррам Абдулқодирзода паҳлӯи якдигар ҷо гирифтаанд.

Эрон то ҳол дар сатҳи расмӣ дар масъалаи манъи фаъолияти ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон изҳори назар накарда буд. Бархе аз расонаҳои наздик ба ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар пайи сафари Кабирӣ ба Теҳрон навиштанд, ин даъвати Эрон баёнгари он аст, ки Теҳрони расмӣ мамнӯияти ҲНИТ-ро қабул накардааст.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси 51-солаи ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи аз ҳарду курсияш дар парлумон маҳрум гардидани ҳизбаш Тоҷикистонро тарк кард ва бино ба хабарҳои дарёфтӣ, ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо ба сар мебарад.

Мақомоти Душанбе дар моҳи сентябр ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабириро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон Абдуҳалим Назарзода муттаҳам карданд ва Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҳизби наҳзатро созмони террористӣ эълон карда, фаъолияташро дар кишвар манъ кард.

Аммо Муҳиддин Кабирӣ даст доштанаш дар ошӯби Назарзодаро рад карда, гуфтааст, ки ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани ҳизби наҳзат ва таъқиби раҳбарону фаъолони ин ҳизби мухолиф шудааст.