Соли равон сармозании гули зардолу деҳқонони Суғдро аз ҳосили зардолу комилан маҳрум сохт. Вале аз сӯи дигар, табиат ин “бераҳмӣ”-и худро ба навъе ҷуброн кард ва деҳқонон ба ҷуз пахта маҳсули ғаллаву сабзавоти аз солҳои қаблӣ бештар ба даст оварданд.
Ҳарсола деҳқонони шимоли Тоҷикистон аз ҳудуди 25 ҳазор гектар боғҳои зардолу беш аз 50 ҳазор тонна зардолу ҷамъоварӣ карда ва онро хушку тар ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ мебароварданд. Абдуҳамид Низомов, як сокини Конибодом, дар ду гектар боғи зардолу дорад. Ӯ мегӯяд, ки солҳои пеш аз ин боғ 4-5 тонна зардол хушк мекарданд ва аз фурӯши он зиндагии худро пеш мебурданд. "Аммо дар баҳори имсол гули зардолуро хунук зад ва боғ ҳатто барои тархӯрӣ ҳосил надод. Мо бепул мондем ва сарсон. Чунки аз замини зардолуямон ғайри алаф ҳосили дигар гирифта намешавад," -- афзуд Низомов.
Мусоҳиби мо мегӯяд, ҳоло зиндагии худро бо ёрии писараш, ки ҳамроҳи арӯсаш дар муҳоҷирати корӣ дар Русия ҳаст ва гоҳ – гоҳе барои падару модар ва ягона хоҳараш каме пул мефиристад, пеш мебаранд. Ҳамин тавр, сармозании ҳосили зардолу на танҳо садҳо деҳқонони боғдори суғдӣ, балки садҳо занону духтаронеро ҳам, ки вақти ҷамъоварии ҳосил боғдорон ба тариқи кироя ба кор ҷалб мекарданд, бекор гузошт.
Мақомоти кишоварзии Суғд зарареро, ки сармои нобаҳангоми баҳор ба деҳқонони суғдӣ расонд, ҳудуди 430 миллион сомонӣ баровард карданд. Бино ба маълумоти ин манбаъ, ҳамасола аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар, умдатан ба Русия беш аз 80 ҳазор тонна меваи хушк содир мешуд, вале имсол ин рақам то 60 ҳазор тон поин рафт. Ҳамзамон, ба сурати умум, дар соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи 5 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот ва пахта ба даст омадааст, ки каме беш аз маҷмӯи маҳсулоти кишоварзии соли гузашта аст.
Бобоҷон Домуллоев, муовини аввали раиси идораи кишоварзии вилояти Суғд рӯзи 24 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, соли равон ҳосили фаровони даҳ маҳсулоти аслии кишоварзӣ, мисли сабзавот, картошкаву сабзиву пиёз, гӯшт, тухм ва шир аз меваҷот себ, нархи ин навъ маҳсулотро дар бозорҳои дохилӣ поин бурд. Ҳоло дар бозорҳои вилояти Суғд як кило анвои гуногуни себ 2-3 сомонӣ, картошкаву пиёз – аз 1 то 1.5 сомонӣ нарх дорад, ки аз арзиши онҳо дар муқоиса ба соли гузашта поинтар аст. Ҳамин тавр, нархи гӯшти гов ва гӯсфанд, тухм, шир ва биринҷ низ аз соли гузашта тақрибан боло нарафтааст.
Бархе коршиносон ва таҳлилгарон фаровонии меваю сабзавот дар пайи сармои бесобиқаи баҳори соли равонро ба таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва тақсими хоҷагиҳои бузург ба хурд, нисбатан озод гузоштани деҳқони тоҷик дар солҳои охир барои парвариши зироати дилхоҳи худ низ рабт медиҳанд.Дар шимоли Тоҷикистоншумораи хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки дар соли 2012 беш аз 15 ҳазор буд, ҳоло ба 62 ҳазор расидааст.
Вале бо ин вуҷуд деҳқонони тоҷик мегӯянд, суде, ки аз деҳқонӣ ба даст меоранд, танҳо ба пешбурди як зиндагии муқаррарии онҳо басанда аст. Онҳо наметавонанд, масалан, аз фоидаи фурӯши пахта барои коркарди замини худ техникаи замонавӣ бихаранд. Хоҷагии оилавии Иноятуллозода дар ноҳияи Мастчоҳ дорои 7.5 гектар замини обӣ ва 16 саҳҳом аст, ки дар замини худ умдатан пахт парвариш мекунанд.
Шукрулло Иноятов, раҳбари ин хоҷагӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, имсол аз ҳар гектар ҳудуди 40 сентнерӣ ҳосили пахта ё 4 тон аз ҳар гектар ба даст оварданд. Аммо онҳо умеди даромади зиёд надоранд, зеро нархи 1 тон нахи пахтаи онҳоро харидорони маҳаллӣ ба 830 доллар харидорӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки ин деҳқони суғдӣ, барои парвариши 1 гектар пахта ҳудуди 1.5 ҳазор доллар масраф кардааст. “Пуле, ки аз фурӯши пахта дар дастамон мемонад, ба парвариши ҳосили нав базӯр мерасад. Ба мо танҳо чигит мемонаду ғӯзапоя ва алаф барои чорво. Барои харидани мошини сабукрав барои худамон ё техникаи нав барои коркарди замин умед баста наметавонем.”
Ин деҳқони суғдӣ афзуд, чун даромад аз замин ночиз вабарои таъмини рӯзгор кофӣ нест, бархе фарзандони деҳқонон рӯ ба муҳоҷирати кории Русия овардаанд ва кори замин бар дӯши мардони калонсол ва занону духтарон мондааст. Манзарае, ки тақрибан дар тамоми гӯшаву канорҳои Тоҷикистон ба чашм мерасад.