Русия сабабҳои расмии марги Умаралиро эълон мекунад

Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербург 16 декабр натиҷаи ташхиси тиббӣ ва сабабҳои расмии марги Умаралӣ Назаров, тифли панҷмоҳаи тоҷикро ба наздиконаш хоҳанд супурд.

Мақомоти тафтишотии шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 декабр натиҷаи ташхиси тиббӣ ва иллатҳои расмии марги Умаралӣ Назаровро ба хонаводааш хоҳанд супурд. Ин тифли тоҷик моҳи октябри соли ҷорӣ дар пайи аз модараш ҷудо кардани маъмурони пулис дар бемористони Тсимбалина даргузаштааст.

Натиҷаи ташхис баъди дастрас шудан дар ҳамин саҳифа нашр мешавад

Олга Сейтлина, яке аз вакилони мудофеи хонаводаи Умаралӣ Назаров мегӯяд, ки ба тахмини ӯ мақомоти тафтишотӣ сабаби расмии марги Умаралиро вирусе ном мебаранд, ки ҳанӯз дар рӯзҳои аввали даргузашти ин тифли тоҷик баён дошта буданд. “Агар сабаби расмии марги Умаралиро бо ин вирус дарёфт кунем, қобили қабул намедонем. Тақозо дорем, ки ташхис аз сари нав гузаронда шавад ва ин дафъа дар ташхисгоҳи мустақил,” – гуфт ӯ.

Моҳи ноябр кумитаи тафтишотии Русия дар Санкт-Петербург эълон кард, ки бар асоси ташхиси тиббиву додгоҳӣ, Умаралӣ Назаров аз як вирусе, ки дер боз ва ҳатто ҳанӯз то таваллуди ӯ дар баданаш роҳ ёфтааст, вафот кардааст. Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад. Вале Фарида Буранова, Докторанти Маркази илмии момодоягӣ, гинекологӣ ва перинатологии ба номи Кулакови Вазорати тандурустии Русия, ин хулосаро зери шубҳа гузошт ва гуфт, ки ин гуна таҳаввулот дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид.

Ин кӯдак пеш аз ба зӯр аз модар ҷудо кардан солим буда ва дар муддати ҳамагӣ 12 соати ҷудоӣ аз модар дучори марг шудааст. Ҳоло дар робита ба марги ин тифли тоҷик бар асоси моддаи 109-и қонуни ҷиноии он кишвар, яъне "аз беэҳтиётӣ ба марг расондан" парванда боз шуда. Аммо то ҳанӯз омилонаш ба ҷавобгарӣ кашида нашудаанд.

Зарина Юнусова, модари Умаралӣ, шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Марги мармузи ин кӯдак якҷо бо ҳукми ихроҷи модараш Зарина Юнусова аз қаламрави Русия мавҷи эътирозҳову маҳкумиятҳоро дар Тоҷикистону Русия ва хориҷ аз он ба бор овард. Ҳомиёни ҳуқуқ, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандӣ ва сиёсатмадорон дар ҳарду кишвар хостори таҳқиқи ин қазия ва ба ҷавобгарӣ кашондани афроди гунаҳкор дар марги Умаралӣ Назаров шуданд.

Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федеросиюн Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.