Бонки миллӣ хостори муҷозоти 38 сарроф шуд

Бинои Бонки миллии Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон хостори таҳияи рӯйхати саррофон ва муҷозоти онҳое шудааст, ки дар болоравии қурби доллар даст доранд.

Бонки миллии Тоҷикистон хостори муҷозоти саррофон ва кормандони бонкҳое шудааст, ки ба иддаои ин ниҳод дар боло рафтани қурби доллар даст доранд. Як манбаъ аз Бонки миллӣ 14 декабр ба Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ин рӯйхат 38 нафарро дар бар мегирад.

"Ин феҳрист дар пайи санҷишҳои Додситонӣ ва Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Инҳо кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “ Тоҷпромбонк”, “Агроинвестбонк”, “Соҳибкорбонк” ва ташкилоти қарздиҳии хурди “Васлат” будаанд," – афзуд манбаъ.

Бонки миллии Тоҷикистон ба ин бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ тавсия додааст, ки кормандони худро ҷазо диҳанд ва ҳатто аз кор биронанд. Ба қавли мусоҳиби мо, "дар ҷараёни тафтиш маълум шудааст, ки дар фаъолияти ин гурӯҳ аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо ҳолати мавҷуд набудани дафтари сабти харидуфурӯши асъор, худсарона муайян намудани қурби харидуфурӯши асъор, набудани китоби бақайдгирии санҷишҳои саридораи бонк, ҷой доштани фарқ байни қурбнома ва фармоиши саридора мушоҳида шудаанд."

Дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон аз Ф.Абдуллоев ном корманди нуқтаи мубодилаи асъори “Тоҷиксодиротбонк” мисол овардааст, ки дар даромадгоҳи бозори “Варзоб” фаъолият доштааст. Бонки миллӣ мегӯяд, “Абдуллоев дар ҳолати доштани асъори хориҷӣ низ ба хотири ҳаннотӣ аз фурӯши асъор бо қурби муқарраршуда ва қонеъ кардани талаботи мизоҷон худдорӣ мекард.”

Дар пайи якбора болоравии қурби доллар дар охирҳои моҳи ноябри соли ҷорӣ тамоми саррофиҳо баста шуд ва Бонки миллӣ эълон кард, ки мубодилаи асъор аз ин ба баъд дар нуқтаҳои интиқоли пул, намояндагии бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ сурат мегирад. Афроде, ки ба харидуфурӯши ғайриқонунии асъор машғул мешаванд, бар асоси дастурамали нави Бонки миллӣ ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд. То кунун теъдоде аз саррофон ба пардохти аз 60 то 100 ҳазор сомонӣ ҷарима муваззаф шудаанд.

Мақомот ҳадаф аз бастани саррофиҳоро танҳо ба низом даровардани бозори табдили асъори хориҷӣ гуфтаанд.

Рӯзи 12 декабр ҳудуди шаст тан аз саррофони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар Душанбе ба назди масъулони Бонки миллии Тоҷикистон рафта, мушкилоти худро дар миён гузоштанд. Ин саррофон мегӯянд, ки басташавии нуқтаҳои мубодилаи асъор ба кору зиндагии онҳо таъсир расонда ва афроди зиёде, ки ноноварони хонаводаҳояшон мебошанд, бе ҷойи кор мондаанд. Ба гуфтаи онҳо, ҳоло ҳудуди 3 ҳазор нафар аз ҳисоби ҳамин фаъолият зиндагӣ ва ба ҳисоби миёна 50 ҳазор нафар “нон мехӯранд.”