Таоллоҳ – замоне саркашу оворагард, ҳоло дар орзуи таҳсил

Таоллоҳ Саидов

Таоллоҳ Саидов, ки як соли пеш ба далели оворагардӣ ба таҳвилгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ва баъдан мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия афтода буд, ҳоло нияти таҳсил дар Литсейи хонандагони болаёқатро дорад. Ӯ чордаҳсола аст ва мегӯяд, ки дар як соли гузашта ба таври мусбат тағйир кардааст.

"Аз дарс мегурехтам, аробакашӣ мекардам, бори фурӯшгоҳҳоро мекашидам ва пули ба меҳнат ёфтаамро дар маркази бозиҳои компютерӣ сарф мекардам," – ба ёд меорад Таоллоҳ. Ӯ мегӯяд, аммо як рӯз падараш аз корҳои вай хабардор шуда, ба қавле ба тарбияи давлат супурдааст.

Ҳоло орзуи таҳсил дар хориҷ ва рӯзгори талхи бародари муҳоҷираш андеша ва рафтори ин бачаи замоне оворагарду душвортарбияро тағйир додааст. Пас аз як соли таҳсилу зиндагӣ дар мактаби махсуси бачаҳои душвортария, Таоллоҳ тасмим гирифт, ки бояд аз ин роҳи интихобкардааш баргардад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Замоне саркашу оворагард, ҳоло - дар орзуи таҳсил

Малоҳат Имомова

Ҳоло раҳбарияти ин мактаб ҳам талош доранд хонандаи замоне саркашу оворагардро барои дониши хубу рафтори намунавӣ ба Литсейи бачаҳои болаёқат фиристанд. Малоҳат Имомова, муовини раҳбари Мактаби махсуси ҷумҳуриияии бачаҳои душвортарбияи Душанбе 9 декабр ба Озодӣ гуфт, дар охири ҳар соли таҳсил барои ҳар як тарбиягиранда аз сӯи омӯзгорон хислатнома пешниҳод мешавад ва бар асоси ин пешниҳодҳо бачаҳоро ё ба хонаашон мефиристанд ё ба муассисаҳои ислоҳӣ. Аммо, ба қавли хонум Имомова, интиқоли бачаҳои душвортарбия ба якборагӣ аз ин мактаб ба муассисаҳои бачаҳои болаёқат ангуштшумор будааст.

Таоллоҳ пайваста китоб мехонад, бо бачаҳои ин муассиса муносибаташро тағйир додаву супориши омӯзгоронро сари вақт иҷро мекунад. Ӯ бо забони русӣ ва англисӣ ҳам хуб ҳарф мезанад.

Ҳоло ровигии маҳфилҳо дар мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия бар дӯши Таоллоҳ аст. Зеро садои хуш, нутқи бурро ва симои ӯ ҳам то андозае аз бачаҳои дигар тафовут дорад. Таоллоҳ дар хонаводае бузург шудааст, ки модараш хонашин ва падараш дар бозор майдафурушӣ мекунад. Ӯ ҳоло аз кардааш пушаймон аст ва гузаштаи худро ба мушкилӣ ёд меорад ва қисса мекунад, ки пас аз расидан ба ҳадафҳои бузургаш ин хотираҳоро аз ёдаш пок хоҳад кард.

Мактаби махсуси бачаҳои душвортарбия

Ҳоло волидони Таоллоҳ, ки як соли пеш ӯро барои оворагардияш ба қавле ба тарбияи давлат супорида буданд, акнун аз ӯ ифтихор доранд. Ҳанифа Азизова - модари Таоллоҳ умедвор аст, ки писараш миёни бародару хоҳаронаш ягона хоҳад буд, ки метавонад маълумоти олӣ бигирад. “Писарам дар бозор аробакашӣ мекард. Борҳо омада бурдам, аммо бо ҳамроҳии бачаҳои кӯча ҳамроҳ шуд. Ҳоло хеле беҳтар шудааст. Баъд аз ягон моҳ аз инҷо мебарам,” – гуфт ӯ.

Садҳо бачаи душвортарбия, ба хотири зиндагии сангин, муносибати бад дар хонавода ва беаҳамиятии атрофиён дар чаҳор муассисаҳои ислоҳӣ ва мактаби махсус ба сар мебаранд. Пас аз таҳсили синфи 9 аксаран аз ин макон бидуни ягон ислоҳ берун мешаванд ва ба зиндагии қаблии худ бармегарданд. Аммо Таоллоҳ дар миёни 54 нафар наврас дар ин мактаб аз ангуштшумор бачаҳоест, ки аз муҳити носозгор барои тарбия, бо сад орзуҳои нек ба сӯи ояндаи рӯшан қадам мениҳад то барои наврасони оворагард роҳи муваффақиятҳоро боз кунад.