"Эътирофот"-и шӯришиёни Нордорони Озарбойҷон

Мақомоти Озарбойҷон мегӯянд, ки Ҷунбиши ваҳдати исломӣ ҳадафи сарнагун кардани давлати қонуниро дошт ва боздоштҳои рӯзи 26 ноябр дар шаҳраки Нордорон, ба хотири хунсо кардани "гурӯҳҳои мусаллаҳ" анҷом дода шуд.

Мақомоти расмӣ дар Боку мегӯянд, ки Ҷунбиши ваҳдати исломӣ ҳадафи сарнагун кардани давлати қонуниро дошт ва боздоштҳои рӯзи 26 ноябр дар шаҳраки Нордорон, ба хотири хунсо кардани "гурӯҳҳои ҷиноятии мусаллаҳ" анҷом дода шуд.

Рӯзи 26 ноябр дар даргириҳое дар шаҳраки Нордорони Озарбойҷон дар 25 километрии шаҳри Боку, ду корманди пулис ва 4 пайрави мазҳаби шиа кушта шуданд. 14 нафар, аз ҷумла Толеъ Боқирзода, раҳбари ҷавон ва пурҷозибаи мазҳабӣ ва се нафари дигар аз аъзои Ҷунбиши ваҳдати исломӣ боздошт карданд ва ба зиндон андохтанд. Ин ҷунбишро Боқирзода моҳи январи соли ҷорӣ ташкил карда буд.

Дар як изҳороти муштарак вазорати корҳои дохила ва додситонии кулли Озарбойҷон гуфтаанд, ки Боқирзода бо Элмар Оқоев, Зулфиқор Микоилов ва Абулфазл Бунёдов Ҷунбиши ваҳдати исломиро созмон додаанд ва ҳадафи онҳо сарнагун сохтани давлати қонунӣ ва ба ҷои он ташкили давлати исломӣ будааст -- давлате, ки дар он низоми раҳбарӣ бар шариати ислом такя мекунад.

Ин афрод эътироф кардаанд, ки дар Боку ва қисматҳои дигари Озарбойҷон ҷонибдорони худро ба узвияти ин ҷунбиш ҷалб кардаанд ва дар ихтиёри онҳо силоҳҳои мухталиф гузоштаанд. Онҳо ҳамчунин дар Нордорон мулоқотҳо ва ҳамоишҳои ғайриқонунӣ баргузор кардаанд, то роҳҳои ҷалби мардум ба эътирозҳои хушунатомезро бар зидди мақомоти расмӣ баррасӣ намоянд.

Бино ба изҳороти муштарак, ин боздоштҳо ба хотири он анҷом гирифтааст, ки «гурӯҳҳои ҷиноятпешаи мусаллаҳро хунсо кунанд. Ин гурӯҳҳо зери номи ислом фаъолият мекардаанд ва ҳадафи онҳо ноором сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва кашондани мардум ба беназмиҳои мардумӣ ва аъмоли террористӣ будааст.

Шаҳраки Нордорон аз аввалҳои соли 2000 яке аз марказҳои пайравони шиа ба шумор меравад ва тақрибан 8000 нафар аҳолии он борҳо бо пулис вориди задухурд шудаанд. Соли 2007 хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ дар бораи навиштаҳо дар дару деворҳои ин шаҳрак гузориш дода буд. Дар миёни ин навиштаҳо суханони оятуллоҳ Руҳулло Хумайнӣ низ буд, ки мисли шиор навишта буданд: «Мусулмонон бояд сарбози ислом бошанд ва бояд аз ислом дифоъ кунанд». Навиштаҳои дигар ҳам дида мешуд: «Ҷаҳон интизори адолат аст. Адолат интизори Маҳдист» ва ё «Шаҳодат бартар аз рӯзи сиёҳ аст, Оллоҳу Акбар!»

Шояд аҳолии маҳаллӣ чунин шиорҳоро барои сарнагунии режим қабул доштанд, вале бисёре аз озарбойҷониҳои дунявӣ бар ин андешаанд, ки ришвахориву бетафовутӣ ба ниёзмандиҳои ҷомеа ривоҷ ёфтааст. Вале Ҳоҷӣ Оқо Нуралиев, яке аз шахсиятҳои муътабари шаҳрак 27 ноябр ба таври ҷиддӣ гуфт, ки сокинони Нордорон ҳеҷ гоҳ бар зидди давлат сар набардоштаанд ва сар нахоҳанд бардошт.

Гузашта аз ин, далелҳои ночизе вуҷуд дорад, ки Ҷунбиши ваҳдати исломии Боқирзода гӯё майли фаъолиятҳои тахрибкоронаи сиёсӣ дорад. Ин ҷунбишро Идораи мусулмонони Озарбойҷон ба таври расмӣ сабти ном накарда буд.

Дар рӯзи ташкили ин ҷунбиш Элчин Қосимов, муовини раиси ин ҷунбиш эълон кард, ки ҳадафи онҳо «Ислом ва ваҳдати Умма дар идеологияи миллӣ аст». Бунёдов, раҳбари дигари ин ҷунбиш гуфта буд, ки вай бо барномаҳои «сиёсиву иҷтимоӣ» машғул хоҳад шуд.

Бо вуҷуди ин Сиёвуш Ҳайдаров, муовини раиси Кумитаи давлатии кор бо созмонҳои мазҳабӣ иддао мекунад, ки ин ҷунбиш «бо дастури нерӯҳои махсус фаъолият мекард». Вале вай аз ин нерӯҳои махсус ном набурд. Ҳайдаров мегӯяд, ки Боқирзода таҳсили мазҳабиро дар хориҷ гирифтааст ва мехостааст ақидаву арзишҳои мазҳабии хориҷиён, аз ҷумла Эронро ба Озарбойҷон ворид кунад.

Албатта, Боқирзода аз сиёсатҳои давлат интиқод мекард ва ошкоро Илҳом Алиев-раиси ҷумҳурро диктатор меномид. Вале вай эълон накардааст, ки дар Озарбойҷон шариати исломиро ҷойгузини низоми кунунии давлатдорӣ хоҳад кард.

Бо васфи ин ҳама, ҷузъиёт дар бораи даргириҳои рӯзи 26 ноябр дар Нордорон норӯшан боқӣ мондааст. Торнамои хабарии Caucasus Knot аз номи як сокини Нордорон навиштааст, ки пулис мехост Боқирзодаро боздошт кунад, вале сокинон талош кардаанд, ки аз ин кор пешгирӣ намоянд. Пулис ба сӯи онҳо оташ кушодааст.

Хонуми Бунёдов низ ҳамин ҳарфҳоро мезанад ва мегӯяд, Боқирзода дар хонаи онҳо меҳмон буд. Пулис дарвозаро шикастааст ва ба хона ворид шуда, ба тирандозӣ шуруъ кардааст.

Аммо дар изҳороти Вазорати корҳои дохила ва Додситонии кулл омадааст, ки сокинон бар зидди кормандони пулис оташ кушодаанд ва маводи таркандаи Молотовро ба сӯи онҳо ҳаво додаанд. Ҳоло вазъ дар Нордорон ором аст, вале шаҳрак ҳамоно дар муҳосираи кормандони пулис қарор дорад.