Вазорати хориҷаи Тоҷикистон шоми 26 ноябр бо пахши як изҳороти расмӣ дар сомонааш аз қазияи суқути ҳавопаймои ҷангии Русия дар марзи Сурия бо Туркия изҳори таассуф кард. Дар ин изҳорот гуфта мешавад, ки “ҷониби Тоҷикистон ҳодисаи марбут ба ҳавопаймои рӯзи 24 ноябри соли 2015 суқутдодашудаи Русияро, ки дар амалиёти зиддитеррористӣ ширкат дошт, бо таассуф қабул кард ва ба наздикону пайвандони низомиҳои ҳалокшуда изҳори ҳамдардӣ мекунад.”
Дар изҳорот гуфта шудааст, ки Душанбе “ваҳдату якдилӣ ва пуштибонӣ аз ҳамдигар дар амри мубориза бо терроризм дар сатҳи байналмилалӣ ва посухи муштарак ба душмани умумии мо – терроризми ҷаҳониро муҳим мешуморад.” Дар идомаи изҳорот омадааст, ки “дар ин маврид маъракаи зиддитеррористие, ки Русия доир мекунад, ҷойгоҳи муҳим дорад.”
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар изҳороташ меафзояд, ки Тоҷикистон тарафдори комили амалҳои муштараки ҷомиаи ҷаҳонӣ дар амри мубориза бо терроризм буда, “умедвор аст, ки ба қазияи марбут ба ҳавопаймои задашудаи Федеросиюни Русия баҳои объективие, ки ба оддӣ сохтани вазъ ва равобити ба таниш печидаи Русияву Туркия мусоидат кунад, дода хоҳад шуд.”
Низомиҳои Туркия навори садоиеро нашр карданд, ки ба гуфтаи онҳо, сабти ҳушдорҳо ба ҳавопаймои ҷангии Русия қабл аз зада шуданаш дар наздикии марзи Сурия аст. Гӯянда дар ин навор бо забони англисӣ ҳушдор медиҳад ки “сабти худро билофосила ба тарафи ҷануб тағйир диҳед.” Ин ҳушдор чанд бор такрор мешавад.
Аммо Константин Мурахтин, штурмани зиндамондаи ҳавопаймои СУ-24-и Русия рӯзи 25 ноябр дар нахустин мусоҳибааш ба матбуоти давлатии Русия гуфтааст, ки онҳо ягон ҳушдор нагирифтанд. Мурахтин гуфт, қабл аз суқути ҳавопаймо бар асари мушаки ҳавопаймои ҷангии Русия “ягон навъ тамос” набуд. Мурахтин, ки нирӯҳои вижаи Русия ӯро аз маҳалли суқути ҳавопаймо наҷот доданд, гуфт, “ягон ҳушдор набуд, на аз тариқи ратсия ва на тамоси зоҳирӣ.” Туркия исрор меварзад, ки қабл аз задан ҳавопаймои русиро 10 бор ҳушдор додаанд.
Рӯзи 24 ноябр ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия як ҳавопаймои СУ-24-и артиши Русияро, ки дар амалиёти низомии Русия дар Сурия ширкат дошт, суқут доданд. Ҳангоми фаромадан бо парашют халабони аввали ҳавопаймо кушта шуд.
Туркия мегӯяд, ин ҳавопаймо ҳарими ҳавоияшро убур кардааст. Русия инро рад мекунад ва мегӯяд, ҳавопаймояшро дар қаламрави Сурия задаанд.
Суқути ҳавопаймои Русия мояи танишҳои шадиде байни Русияву Туркия шудааст. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ин қазияро “ханҷар аз пушт аз тарафи ҳомиёни террористҳо” номид. Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров суқути ҳавопайморо “иғвои барномарезишуда” хонд ва гуфт, муттаҳидони Туркия дар паймони низомии НАТО талош доранд, то ин амали нирӯҳои ҳавоии Туркия бипӯшонанд.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои доимии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ ё ОДКБ, ки Тоҷикистон низ узвияташро дорад, сарозер шудани ҳавопаймои Су-24-и Русия аз сӯи Туркияро ба шиддат маҳкум кардааст. Владимир Зайниддинов, сухангӯи СПАД гуфт, ки ҷонишинони дабири кулли ин созмон, кормандони котибот ва Ситоди муттаҳидаи Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ 25 ноябр дар як ҷаласаи изтирорӣ дар Маскав чунин бархӯрди Туркияро "нақзи бисёр дағали меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ" номидаанд. Ба қавли ӯ, ин ҷаласаи изтирорӣ бо даъвати Русия баргузор шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад