Душанбе рӯйхати ҷангиёни тоҷикро ба Русия медиҳад

Рамазон Раҳимзода бо Владимир Колоколтсев дар Маскав

​Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтааст, ки ба зудӣ феҳристи ҷангиёни тоҷик дар Сурияро дар ихтиёри мақомоти интизомии Русия мегузоранд.

Тоҷикистон рӯйхати шаҳрвандонеро, ки таҳти пайгард қарор дошта, иддае аз онҳо дар майдонҳои ҷанг дар Сурия низ будаанд, ба мақомоти интизомии Русия хоҳад супурд. Ин нуктаро Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, 24 ноябр дар Маскав баён доштааст.

Ӯ гуфтааст, дар пайи ҳамлаҳои Русия дар Сурия бархе аз ҷангиён аз роҳҳои гуногун қасди бозгашт ба ватанро доранд ва ба эҳтимоли зиёд қисме аз онҳо дар ҳудуди Русия паноҳ хоҳанд бурд. Рамазон Раҳимзода дар идома аз ин афрод "террористони ботаҷруба" ном бурда ва гуфтааст, ки бозгашти пинҳонии онҳо ба амният ва суботи дохилӣ таҳдид дорад. "Онҳо бармегарданд, то тахрибкорияшонро идома диҳанд," --афзуд ӯ.

Владимир Колоколтсев, вазири корҳои дохилии Русия низ гуфтааст, ба ҳеч ваҷҳ иҷоза набояд дод, ки бархе аз ин ҷангиён дар либоси гуреза вориди кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Русия ва Тоҷикистон шаванд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия солҳои ахир бештар бо ҷурми даст доштан дар фаъолиятҳои ифротии мазҳабӣ ва нашри наворҳои ифротӣ дар Интернет боздошт ва маҳкум мешаванд. Рӯзи 8 ноябри соли ҷорӣ пулиси вилояти Свердловски Русия Аслиддин Нуров ном шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кард, ки ба гуфтаи пулис, қаблан дар манотиқи марзи Покистон бо Афғонистон дар сафи гурӯҳи тундрави Толибон меҷангидааст. Додгоҳи ҷумҳурии Ёқутистони Русия дар тобистони имсол як шаҳрванди тоҷикро бо ҷурми таъмини молии Толибон ва ҷалби афрод ба сафи ин ҷунбиши мамнӯъ ба 4 соли зиндон маҳкум кард.

Дар моҳи июни соли ҷорӣ додситонии ноҳияи Ленини шаҳри Нижний Тагили вилояти Свердловск дар минтақаи Урали Русия аз анҷоми таҳқиқи парвандаи як ҷавони 23-солаи зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки ба гуфтаи мақомот, дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” видеоҳои манъшудаи мазҳабиро, ки саршори таҳрик ба адовати мазҳабӣ, аз ҷумла алайҳи масеҳиён ва яҳудиён ташхис шудаанд, нашр кардааст.

Дар моҳи феврали соли равон пулиси шаҳри Маскав аз боздошти як зодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Интернет аз номи ҷангиёни созмони тундрави “Давлати исломӣ” сомона боз карда, наворҳои видеоии ифротии ин гурӯҳро дар ин сомона нашр мекардааст. Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти умури дохилии пойтахти Русия навишта буданд, ки ин мард, ки кӯчаи Образтсов, дар наздикии маркази тиҷории “Савеловский”-и шаҳри Маскав дастгир шуд,бо нашри наворҳои тарғиботии “Давлати исломӣ” амалан ҳамчун мубаллиғи ин гурӯҳи террористӣ фаъолият мекард ва “мардумро ба фаъолиятҳои террористӣ даъват ва терроризмро дар мазҳари ом таблиғ ва сафед мекард.”

Дар Русия ҳудудан 1 миллион аз муҳоҷирони тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Мақомот ва коршиносон ин қишри ба сурати умум беҳуқуқро дар муқобили ташвиқу даъватҳои гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ хеле осебпазир мешуморанд. Дар Душанбе бар ин боваранд, ки ҳадди аксар аз беш аз 500 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Сурияву Ироқ дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” меҷанганд, маҳз дар Русия ба ин ба ном “ҷиҳод” ҷалб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон бо изҳори нигаронӣ аз афзоиши шумори шаҳрвандонаш дар сафи гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ”, барои онҳое, ки ихтиёран аз Сурияву Ироқ бармегарданд, афви гуноҳ пешниҳод кардаанд. Бино ба иттилои мақомот, то ҳол ҳудуди 40 тан аз шаҳрвандони тоҷик бо эҳсоси пушаймонӣ аз пайвастани худ ба “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ ба ватан баргашта, мавриди афв қарор гирифтаанд.